Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
гонро баранжезад, пас чун уламоро баҳс фармояд, гӯяд: Ай гурӯҳи уламо, шуморо илм надодам, магар бад-он чи шуморо қобили илм донистам ва ин лутф дар ҳаққи шумо барои он накардам, ки шуморо азоб кунам, биравед, ки мағфират арзонӣ доштам.
Осор. Алӣ — разия-л-Лоҳу анҳу — гуфт: «Ё Кумайлу! ал-илму хайрун мина-л-молӣ, ал-илму яхрусука ва анта таҳ-русу-л-мола, ва-л-илму ҳокимун ва-л-молу маҳкумун алайҳ, ва-л-молу танкусуҳу-н-нафақату ва-л-илму язку ала-л-ин-фоқ». Ай, илм беҳ аз мол, чӣ илм туро нигоҳ дорад ва молро ту нигоҳ дорӣ ва илм ҳоким аст ва мол маҳкумун алайҳ ва аз харҷ кардан мол кам шавад ва илм афзун. Ва гуфт: «ал-Олиму афзалу мина-с-соими-л-қоими-л-муҷоҳид, ва изо мота-л-олиму сулима фи-л-исломи салматан ло ясуддуҳо илло халафун минҳу». Ай, олим фозилтар аз соими қоими муҷоҳид ва марги олим рахнаест дар ислом, ки ҷуз ба олими дигар, ки халафи вай бошад, баста нашавад. Ва дар ин боб ба назм гуфтааст:
Ма-л-фахру илло лиаҳли-л-илми иннаҳуму,
Ала-л-худо лимани-с-таҳдо адилоу.
Ва вазну куллимриин мо кона юҳсинҳу,
Ва-л-ҷохилуна лиаҳли-л-илми аъдоу.
Ай, фахр нест, магар олимонро, ки эшон толибони ҳидоятро роҳбаранд ва вазни ҳар марде он чиз аст, ки онро некӯ бидонад ва ҷоҳилон душманони олимонанд. Ва Абӯл-асвад гуфт: Ҳеҷ чиз аз илм азизтар нест, подшоҳон бар мардумон ҳукм кунанд ва олимон бар подшоҳон.
Ва Ибни Аббос гуфт — разия-л-Лоҳу анҳумо — Сулаймони Довудро — алайҳи-с-салом — миёни илм ва молу мулк мухайяр карданд, ӯ илмро ихтиёр кард ва молу мулк ҳам биёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё