Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Қавлуҳу: «Фазлу-л-олими ала-л-обиди ка фазли ало адно раҷулин мин асҳобӣ». Бингар, ки илмро чӣ гуна муқорини дараҷаи нубувват гардонидааст ва амалеро, ки аз илм муҷаррад бошад, чӣ гуна дар мартабаи фурӯдин дошта!
Агарчи обид аз илми ибодате, ки бар он мувозабат намояд холӣ натавонад буд, чӣ агар он илм набусад, амали ӯ ибодат набувад.

Ва қавлуҳу — алайхи-с-салом: «Фазлу-л-олими ала-лобиди ка фазли-л-қамари лайлата-л-бадри ало соири-лкавокиб». Ай, фазли олим бар обид [11] чун фазли моҳи [шаби] ҷаҳордаҳ аст бар дигар ситорагон.

Ва қавлуҳу — алайхи-с-салом: «Яшфау явма-л-қиёмати салосатун: ал-анбиёу сумма-л-уламоу сумма-ш-шуҳадоу».
Ва мартабае, ки толии нубувват бошад ва фавқи шаҳодат бувад - бо он чи фазли шаҳодат бисёр аст - дар ғояти бузургӣ тавонад буд.

Ва қавлуҳу — алайхи-с-салом: «Мо убида-л-Лоҳу би шайин афзала мин фиқҳин фи дин ва лав фақиҳун воҳидун ашадду ала-ш-шайтони мин алфи обидин. Ва ликулли шайъин имодун ва имоду ҳоза-д-дини-л-фиқҳу». Ай, [ҳеҷ] ибодате Худойро беҳ аз фиқҳ нест ва як фақеҳ бар шайтон сахттар аз ҳазор обид. Ва ҳар чизеро пуштивонест ва пуштивони ин дин фиқҳ аст.

Ва қавлуҳу: «Хайру диникум айсаруҳу ва афзалу-либодати-л-фиқҳ». Ай, беҳтари дини шумо осонтари он аст ва фозилтарин ибодате фиқҳ аст.

Ва мутарҷим мегӯяд: ба осонтар ин хостааст, ки дар
он гулувве набусад ва миёна бувад, чунон ки тан онро
нӯкӯ эҳтимол кунад ва дар он мункатеъ нашавад. Чунон ки

пешина
аз 567
навбатӣ