Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

нанд. Аммо, олимон теғи забонро кор мефармоянд ва мардумонро ба шарои пайғамбарон роҳ менамоянд, ва аммо, ғозиён забони теғ дар кор медоранд ва димор аз мухолифони шариат бармедоранд.

Ва қавлуҳу — алайҳи-с-салом: «Ламавту қабилатин айсару мин мавти олимин». Мурдани қабилае осонтар аз мурдани олиме.

Ва қавлуҳу, алайҳи-с-салом: «ан-Носу маъодину [камёдини-з-заҳаби ва-л-физзати] фахиёруҳум фи-л-ҷоҳилияти хиёруҳум фи-л-исломи изо фақаҳу». Ай, мардумон маъданҳоянд ва беҳинагони эшон дар ҷоҳилият беҳинагони эшон бошанд дар ислом, чун фақеҳ шаванд.

Мутарҷим мегӯяд: маънии ин сухан он аст, ки мардумон мухталифанд дар истеъдоди зако ва балодат ва хайрият ва шаррият, чунон ки маъданҳо мухталиф аст, яке кони зар аст ва яке кони оҳан. Пас, ҷамоате, ки дар ҷоҳилият ба сабаби зако ва некӯкорӣ беҳина буданд, чун ислом оранд ва маолими дин биёмӯзанд, беҳинаи мусулмонон ҳам эшон бошанд.

Ва қавлуҳу — алайҳи-с-салом: «Ювзану явма-л-қиёмати мидоду-л-уламои ва даму-ш-шуҳадои». Ай, мидоди олимон ва хуни шаҳидонро рӯзи қиёмат бисанҷанд, яъне ин ҳар дуро вақъи ва вазне азим бошад.

Мутарҷим мегӯяд, ки мусанниф ҳамин қадр беш эрод накардааст. Ва дар ривояти дигар: «Фаярҷау мидоду-л-уламои ало дами-ш-шуҳадои» омадааст. Ай, мидоди олимон бар хуни шаҳидон роҷеҳ шавад. Ва ҳамчунин дар Қуръон, сиддиқонро бар шаҳидон тақдим аст: «Мина-н-набийина ва-с-сиддикина ва-ш-шуҳадои».

Ва қавлуҳу — алайҳи-с-салом: «Ман ҳафиза ало уммати арбаина ҳадисан мина-с-суннати ҳатто юаддиҳо илайҳим, кунту лаҳу шафиан ва шаҳидан явма-л-қиёмати». Ай, ҳар кӣ чиҳил ҳадис аз суннат забт кунад ва онро ба мусулмонон

пешина
аз 567
навбатӣ