Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
мутааллимони уммати ман расонад, ман рӯзи қиёмат шафеъи бадӣ ва шаҳиди некии ӯ бошам.
Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Ман ҳамала мин уммати [10] арбаина ҳадисан лакийа-л-Лоҳу явма-л-қиёмати фақиҳан олиман». Ай, ҳар кӣ аз уммати ман ҳомили чиҳил ҳадис бошад, рӯзи қиёмат фақеҳ ва олим ба лиқои Худой расад.
Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Ман тафакқаҳа фи дини-л-Лоҳи кафоҳу-л-Лоҳу мо аҳммаҳу ва разақаҳу мин ҳайсу ло яхтасиб». Ай, ҳар кӣ дар дини Худой тафаккуҳ кунад, Худой - азза ва ҷалла - муҳиммоти ӯ макфий1 гардонад ва аз он ҷо, ки умед надорад рӯзӣ ба вай расонад.
Мутарҷим мегӯяд, ки маънии тахсиси «рӯзии вай аз ҷое, ки умед надорад» он аст, ки ҳар кас аз арбоби дунё ба ҳирфате ва саноате ва касбе ва шуғле тааллуқ сохтааст ва онро нишони рӯзии худ гардонида.
Ва ин кас, ки ба илм омӯхтан ва варзидани кори охират машғул шавад ва дар рӯзӣ бар Худой таваккул кунад, ҳароина рӯзии вай расад ва аз он ваҷҳ расад, ки хотири вай бад-он мутааллиқ набуда бошад ва раво бувад, ки баъзе аз бандагонро рӯзӣ аз ваҷҳҳое, ки муайян кунанд, дар таваққуф монад ва аз ваҷҳе, ки наандешида бошанд, бирасад то бад-ин сабаб дилашон аз асбоб бакуллият мункатеъ шавад ва тааллуқи он ҷуз ба мусаббибу-л-асбоб набувад. Ва ин ионате ва таъйиде бошад дар ҳаққи баъзе ба хусус. Вал-Лоҳу аълам.
Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «Авҳа-л-Лоҳу ило Иброҳима: ё Иброҳиму, инни алимун уҳиббу кулла алимин». Ай, ман доноям ва ҳамаи доноёнро дӯст дорам.
Ва қавлуҳу – алайҳи-с-салом: «ал-Олиму амину-л-Лоҳи фи-л-арзи». Ай, Олим восита аст миёни холиқ ва халқ дар таълими дин.
1 Макфий - бароварда, кифоятшуда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё