Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ҳислат аст, ки дар мунофиқ бошад: ҳусни самт1 ва фиқҳ дар дин.

Ва бад-он чи дар баъзе аз фуқаҳои аср нифоқбинӣ, бояд ки дар сиҳҳати ин ҳадис ба шакк набошӣ, чӣ бад-ин фиқҳе, ки ту мепиндорӣ, нахостааст. Ва маънии фиқҳро дар ақиб ба зудӣ баён карда хоҳад шуд.

Ва адно дараҷоти фақеҳ он бошад, ки бидонад, ки охират беҳ аз дунё. Ва ин дониш чун яқинӣ бошад ва бар дил ғолиб, аз нифоқ безор гардонад.

Ва қавлуҳу — алайҳи-с-салом: «Афзалу-н-носи ал-мӯъмину-л-олиму-л-лазӣ инуҳтиҷа илайҳи нафаъа ва инустуғния анҳу ағно нафсаҳу». Ай,2 беҳтарини мардумон мӯъмини олим аст, ки агар бад-ӯ мӯҳтоҷ шаванд манфаат кунад ва агар худро аз вай мустағнӣ донанд ӯ низ худро аз эшон бениёз дорад.

Ва қавлуҳу — алайҳи-с-салом: «Ал-имону [урӯнун] фа либосуҳу-т-тақво ва зинатуҳу-л-ҳаҷӯ ва самаратуҳу-л-илму». Ай, имон [9] бараҳна аст, пас либоси ӯ парҳезгорӣ аст ва ороиши ӯ шарм ва самараи ӯ илм.

Мутарҷим мегӯяд: Таҳқиқи ин сухан он аст, ки камоли одамӣ манут аст ба инкишофи ҳақоиқ ва бе таҳқиқ хусули ин мустаҳил3 аст ва тасдиқи муҷаррад низ кофӣ нест. Ва чун бар муқтазои тасдиқ кор карда шавад, ҳақоиқи илоҳӣ ва маърифи қудсӣ ҳосил ояд.

Ва қавлуҳу: «Ақрабу-н-носи мин дараҷати-н-нубуввати аҳлу-л-илми ва-л-ҷиҳод. Аммо аҳлу-л-илми фадаллу-н-носа ало мо ҷоат биҳи-р-русулу, ва аммо аҳлу-л-ҷиҳоди фаҷоҳаду биасёфиҳим ало мо ҷоат биҳи-р-русулу». Наздиктари мӯъминон ба дараҷаи пайғамбарӣ олимон ва ғозиё-

1 Самт — равиш.
2 Ай — яъне (умуман дар пайи ибороти арабӣ ва дар оғози тарҷумаи онҳо омадааст).
3 Мустаҳил — муҳол, имконнопазир.

пешина
аз 567
навбатӣ