Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
судури-л-лазина уту-л-илма».
Ва қавлуҳу таъоло: «Ҳалақа-л-инсона, алламаҳу-л-ба-ён»2. Таълими баёнро дар маҳрази имтинон ёд фармудааст. Мутарҷим мегӯяд, ки дар ин оят дақиқае аст. Ва он он аст, ки «таълими баён»-ро бар халқи инсон атф нафармудааст, то мушъир бошад, ки ҳусули инсоният мавқуф аст бар ҳусули илми баён. Ва агар атф фармудӣ «таълими баён» муғоири халқи инсон будӣ, чи маътуф муғоири маъ-туфун алайҳ бошад.
Ахбор. Қавлуҳу — салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам: «Ман юриди-л-Лоҳу биҳи хайран юфакқиҳҳу фи-д-дини ва юлҳимҳу рушдаҳу». Дар ҳаққи ҳар кӣ Борӣ — субҳонаҳу ва таъоло-ро иродати хайр бошад, вайро дар дин фақеҳ гар-донад ва дар ёфтани роҳи рост илҳом диҳад.
Ва қавлуҳу — алайҳи-с-салом: «ал-Уламоу варасату-л-анбиё». Ва маълум аст, ҳеҷ мартабае варои пайғамбарӣ нест, пас, ҳеҷ шарафе варои шарафи варосати пайгомбар набо-шад.
Ва қавлуҳу — алайҳи-с-салом: «Ястағфиру ли-л-олими мо фи-с-самовоти ва-л-арз». Ва кадом мансаби фавқ манса-би он кас бошад, ки вай ба масолеҳи худ машғул бувад ва малоикаи осмону замин ба омурзиш хостан аз барои вай машғул бошанд.
Ва қавлуҳу — алайҳи-с-салом : «Инна-л-ҳикмата тази-ду-ш-шарифа шарафан ва тарфаъу-л-мамлука ҳатто туҷли-саҳу маҷлиса-л-мулуки». Ҳикмат шарифро мазиди шараф бахşад ва мамлукро ба маҳалли мулук расонад. Ва ин танбеҳест бар самараи илм, ки дар дунё ҳосил шавад ва маълум аст, ки дар охират некӯтар ва пояндатар.
Ва қавлуҳу — алайҳи-с-салом: «Хислатони ло такуно-ни фи мунофикин: ҳусну самтин ва фиқҳун фи-д-дин». Ду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё