Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ва мо яъқилуҳо илла-л-олимун»1. Ай, зарби амсол барои ҷумлаи мардумон аст бар сабили умум ва фаҳми мақсуди он ҷуз уламоро набувад бар тариқи хусус.

Ва қавлуҳу таъоло: «Ва лав раддуҳу ила-р-расули ва ило ули-л-амри минҳум лаалимаҳу-л-лазина ястанбитунаҳу минҳум»2. Ҳукми воқеотро ба истинботи уламо манут кардааст ва дар баёни ҳукми Худой – азза ва ҷалла – мартабаи эшон бар мартабаи анбиё мулҳақ гардонида.

Ва қавлуҳу таъоло: «Ё бани Одама, қад анзално алайкум либосан ювори савотикум ва ришан ва либосу-т-тақво золика хайрун»3. Ба лафзи «либосан» илм хостааст ва ба лафзи «ва ришан» яқин ва ба лафзи «ва либосу-т-тақво» шарм.

Мутарҷим мегӯяд, ки таҳқиқи ин тафсир он аст, ки илм сотири бараҳнагии ҷаҳл аст, чунон ки ҷома сотири бараҳнагии аврат. Ва чунон ки «риш» ҷомаеро гӯянд, ки махсус бошад ба нармӣ ва накӯӣ, «яқин» низ илмеро гӯянд, ки накизро дар вай ҳеҷ эҳтимол намонад ва бар дил ғолиб бувад. Ва чунон ки ҷома авратро пӯшад, шарм, ки аввали таъсироти илм аст, қабоҳатро монеъ бошад. Пас, ҷома зинати тан аст ва шарм зинати дил ва зинати дил ҳароина беҳ аз зинати тан бошад.

Ва қавлуҳу таъоло: - «Ва лақад ҷиъноҳум бикитобин фассалноҳу ало илмин»4.

Ва қавлуҳу таъоло: «Фаланакуссанна алайҳим [8] би илмин»5.

Ва қавлуҳу таъоло: «Бал ҳува оётун баййинотун фи

пешина
аз 567
навбатӣ