Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ва охират дар омадан мусораат мефармояд ва дунё дар рафтан мубодарат менамояд. Ва аҷал дар ғояти наздикӣ аст ва сафар дар ниҳояти дурӣ ва зоди нек андак ва хатари сахт бузург ва роҳ масдуд ва илму амал – ки айёр ихлос надорад – дар ҳазрати ноқиди басир (1) мардуд. Ва роҳи охират супурдан бо бисёрии ғоила, бе рафиқ ва роҳбар, дар ғояти душворӣ, чӣ роҳбарони охират уламое тавонанд буд, ки варасаи анбиё бошанд ва рӯзгор аз эшон холӣ гаштааст ва1 ҷаҳон аз кисвати илми эшон орӣ монда ва ҷуз мутарассимон2 намондаанд, ки дев бар эшон истило ёфтааст ва рояти ғавояташон3 истеъло пазируфта ва ҳар як аз эшон ба ҳаззи оҷили худ машғуф аст ва ба наздики вай маъруф мункар ва мункар маъруф. Ва бад-ин мӯҷиб, илми дин мундарис шудааст ва маълими яқин мунтамис4 гашта ва ба халқ чунон намудаанд, ки ақсоми илм аз се берун нест:

Яке фатвои аҳком, ки қузот ва ҳуккомро бад-он ҳоҷат бошад, то чун нокасон ва лиом бастаи низоъ ва ҳисом шаванд ва чун сагон якдигарро хаста1 кунанд, дафъи мунозаот ва қатъи мухосамоти эшон мумкин гардад;

Ва дуввум ҷадал, ки ҷӯяндаи мубоҳот ва муфохара ва
хоҳандаи муғолаба ва мукосара, ба воситаи он2 хасмро мулзам кунад ва мунозеъро муфҳам3 гардонад;

Ва севвум саҷъи музахраф4 ва лафзи мутакаллиф, ки музаккир бад-он авомро битавонад фирефт ва авбошро сайд тавонад кард.

Ва бар ин се фанн бад-он иқтисор намудаанд, ки ҷуз ин се фаннро доми талаби ҳаром ва шабакаи ҷалби ҳутом надонистаанд. Ва илми тариқи охират ва он чи салафи солеҳ бар он будаанд ва Ҳаққ – субҳонаҳу ва таъоло – онро дар Танзили раҳмонӣ ва маншури осмонӣ «фиқҳу ҳикмат ва илми зиё ва нуру ҳидояту рушд» хондааст, дар миёни халқ мадрус ва матвий5 гаштааст ва аз дилҳои эшон матмус6 ва мансий7 монда.

Ва чун ин ҳодиса аҳли динро раҳнае дар ҳисор ва зулмате дар абсор бувад, таҳрири ин китоб ба ҷиҳати дафъи ин қаламкорӣ бас муҳим донистам, то улуми дин «Эҳё» пазирад ва маноҳиҷи аиммаи гузашта зоҳир шавад ва рӯшан гардад, ки анбиё ва салаф кадом илмҳоро илми нофеъ шумурдаанд. Ва онро бар чаҳор рубъ асос ниҳодам:
Рубъи ибодот ва рубъи одот ва рубъи муҳликот ва рубъи мунҷиёт

1 Хаста - маҷрӯҳ.
2 Дар нусхаҳои хаттӣ ва ба воситаи он. Матни арабӣ чунин аст: «ав ҷадалун ятадарраъ биҳи толибу-л-мубоҳот ила-л-ғалабати вал-ифҳом».
3 Муфҳам- ноҷор ба сукут, дармонда.
4 Музахраф – ороста.
5 Матвий - печида, дарнавардида.
6 Матмус - нопадид, махвшуда.
7 Мансий - фаромӯшшуда.

пешина
аз 567
навбатӣ