Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

Ва ҷумларо ба «Китоби илм» мусаддар кардам - чи он ғояти мақсуд ва ниҳоити матлуб аст - то илмеро, ки талаби он Ҳаққ - субҳонаҳу ва таъоло - бар ҳар мусулмоне фарз кардааст, кашф кунам ва илми нофеъро аз илми зорр мумайяз гардонам, чи Паёмбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом - фармудааст: «Наъузу би-л-Лоҳи мин илмин ло янфаъ».

Ва муҳаққақ гардонам, ки аҳли аср аз савби савоб дуранд ва ба ламаони сароб магрур1 ва кушури илм эшонро матлуб аст ва лубоби он маҳҷур. Ва ҳар рубъе аз ин арбоъ муштамил аст бар даҳ китоб: [2]

РУБЪИ ИБОДОТ ДАҲ КИТОБ

Китоби илм
Китоби қавоиди ақоид
Китоби асрори таҳорат
Китоби асрори намоз
Китоби асрори закот
Китоби асрори рӯза
Китоби асрори ҳаҷ
Китоби асрори фаҳму тиловати Қуръон
Китоби азкор ва даъавот
Китоби тартиби аврод дар авқот

РУБЪИ ОДОТ ДАҲ КИТОБ

Китоби абоби нон хӯрдан
Китоби абоби никоҳ
Китоби абоби касб
Китоби ҳалол ва ҳаром
Китоби абоби сӯҳбат ва ишрат бо аснофи халқ
Китоби узлат

1 Мағрур – фирефта

пешина
аз 567
навбатӣ