Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
БИСМИ-Л-ЛОХИ-Р-РАХМОНИ-Р-РАХИМ
Ситоише бисёр мутаволӣ ҳазрати Парвардигори мутаъолоро дар мартабаи аввал мегӯям, агарчи ситоиши ситояндагон дар мувозоти ҷалол ва муҳозоти кибриёи Вай дар ғояти ҳақорат ва ниҳояти низорат1 бошад. Ва дуруде, ки бо муҷаллии ҳалбаи анбиё2 ва воситаи қилодаи3 русул, Муҳаммади Мустафо - салла-л-Лоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам - пайғамбарони дигарро шомил бувад дар мартабаи дуввум ба арвоҳи муқаддасаи эшон мерасонам. Ва дар он чӣ азми ман ҷазм шудааст, ки дар зинда гардонидани илмҳои динӣ ва тоза кардани баҳсҳои яқинӣ китобе нависам, дар мартабаи севвум аз ҳазрати Борӣ - субҳонаҳу ва таъоло - хайре мехоҳам. Ва аз барои қатъи тааҷҷуб ва дафъи истибъоди ту, эй ғолитари маломаткунандагон ва мусрифтари мункирон, дар мартабаи чаҳорум ба зудӣ посух медиҳам, чӣ уқдаи хомӯшӣ аз забони ман кушода кард ва ба ӯҳдаи сухангӯй ва қилодаи муҳовара рақабаи вуҷуди маро мутаввақ гардонид.
Мувозибат намудани ту дар кӯрӣ аз дидани ҳаққ бо ситеҳидан дар нусрати ботилу таҳсини ҷаҳл ва шағаб4 кардан бар касе, ки андаке аз иқомати маросими5 халқ эъроз намуд ва аз мулобасати расм эҳтироз кард ва ба муморасати амал бар муқтазои илм гароид, то он чӣ Ҳаққ - субҳонаҳу ва таъоло - бандагонро бад-он таъаббуд фармудааст аз тазкияти нафс ва таҳлияти дил ба лавоиҳи кудс дарёбад ва баъзе аз изоат ва итлофи умрро тадоруке воҷиб дорад, чӣ ҷабри тамоми он изоат ва талофии кулли он итлоф мутааззир аст ва аз силки ҷамоате, ки Соҳиби шариат – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – дар ҳаққи эшон фармудааст: «ашадду-н-носи азобан явм-ал-қиёмати олимун лам янфаҳҳу-л-Лоҳу би-л-илми» берун ояд. Ва ба таҳқиқ медонам ва савганд бар забон меронам, ки исрори туро бар инкори суханам мӯҷибе нест, магар он иллат, ки бисёр-бисёр аз мардумон бад-он мумтаҳинанд, бал ҷумҳури халқ бад-он муфтатин. Ва он қусури эшон аст аз дарёфтани кунҷи ин маъни ва нодонистани он ки коре, ки дар пеш аст дар ғояти сахтӣ аст ва ниҳояти суубат.
1 Низорат - андакӣ, хурдӣ
2 Яккатози майдони паёмбарон
3 Воситаи қулода, воситаи ақд, гавҳари калон ва бешқиммат дар васати дастбанд ё гулӯбанд.
4 Шағаб - ғавғо ва ошӯб
5 Барподоштани русум

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё