Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ки дар бисёре аз он улум устоде намеёфт, ки ба ифодат ва иршоди вай истионат намудӣ. Ва эътимоди вай бар фаязони раҳмати Илоҳӣ буд, ки «Мо яфтаҳи-л-Лоҳу ли-н-носи мин раҳматин фало мумсика лаҳо 1». Он гоҳ инояти азалӣ вайро дар сулуки авдияи2 мухталиф нагузошт ва парда аз пеши басирати вай бардошт ва бавоиси Илоҳӣ бар ботини вай гумошт ва нақши ҳақиқат бар саҳифаи замири вай нигошт, то мӯъзами ҳиммат бар ҳақоиқи Илоҳӣ ва маорифи кудсӣ мақсур кард ва аксар авқоти худ дар он мустағрақ гардонид. Ва аз авоиди рӯҳонӣ ва мавоиди нуронӣ он чи ба вай мерасид, фавоид ва завоиди он аз туллоби илм дарег намедошт ва дар иршоду таълим ва талқину тафҳими эшон ҳар такаллуф, ки мумкин буд такаффул менамуд. Ва ҳиммат бар он мақсур медошт, ки магар тоифаеро аз ҳазизи баҳимият [11] ба авҷи малакият тавонад расонид ва аз алоиқи табъ ва авоиқи ҳис ба тароиқи ақл ва ҳадоиқи кудс тавонад кашид.
Ва чун муддате мадид бар ин тариқ иқбоб3 намуд, Ҳақ - субҳонаҳу ва таъоло - ба лутфи амим ва карами қадими худ тоифаеро ҳидоят фармуд то илми охиратро толиб шуданд ва дар сулуки тариқат ва баҳси ҳақиқат роғиб гаштанд. Ва бар муҷарради завоҳир, ки кушури илмҳост иқтисор нанамуданд ва дар талаби бавотин ва асрори он ки лубоби мақсуд аст, хавз карданд. Ва «Эҳёи улуми дин»-ро, ки ҳовии асрори тариқат ва мунаббиҳи ағвори4 ҳақиқат аст, бо баҳсе муставфо ва ҷуҳде мустақсо — «марратан баъда уло ва карратан баъда уҳро» - бар ин заиф мехонданд, то дар шухури санаи ишрин ва
1 Фотир, 35:2.
2 Авдия - водиҳо, дарраҳо, рӯдборҳо.
3 Иқбоб - рӯй овардан, лозим гирифтан.
4 Ағвор - горҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё