Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ният ва тарҷиҳат дар истиқбол воҷиб дошт ва аз подшоҳи ислом ба мавоиди хуб мустазҳар гардонид. Ва бадин иъонат, дили заифро чандоне қувват ҳосил шуд ва доъияи фотирро чандоне нишот зоҳир гашт, ки дар итмоми ин тӯҳфаи рӯҳонӣ ва ҳадяи қудсӣ шурӯъ намуд.
Ва маълуму муқаррар аст, ки арбоби хайр ва масоии ҷамилро ба дуо мадад кардан лозим аст ва асҳоби ниъам ва аёдиро ба шукр муқобала намудан воҷиб. Ва бар ин [10] қазия, ҳар мусулмоне, ки бар имтидоди айём ва татовули аъвом1 аз ин китоб фоида хоҳад гирифт, бар вай воҷиб ва лозим аст, ки дар дуои Маҷлиси олии соҳиби муболагат намояд. Ҳақ - субҳонаҳу ва таъоло - имдоди тавфиқ ва таъйид ба азоими вай мақрун гардонад ва зоти шарифи ӯро ба охири маротиби инсоният, ки аввали дараҷот малакият аст, бирасонад. «Би манниҳӣ ва фазлиҳӣ».
Фасли севвум
ДАР ҲИКОЯТИ ҲОЛИ ИН ЗАИФ, КИ БАД-ИН КИТОБ ТААЛЛУКЕ ДОРАД
Иродати қоҳира ва машияти нофизаи Борӣ - субҳонаҳу ва таъоло - дар унфувони сибо ва раяъони умр, доияиро дар ботини ин заиф таҳрик фармуд, ки дар касб ва ҳиёзати2 анвои улум ва ҷамъу иқтинои аснофи маориф боис ва муҳарриз шуд. Ва чун муддате солики он тариқ ва хоизи3 он машореъ буд, аз ҳар навъ насибе гирифт ва аз ҳар фанн нисобе ҳосил кард ва маолими ҳар илме бишнохт ва аз ҳар саноате бизоате сохт, бо он
1 Аъвом - солҳо.
2 Ҳиёзат - фарогирӣ, андӯхтан.
3 Хоиз - хавзкунанда, фурӯраванда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё