Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
ситту миа такассуре дар давоии хонандагон ва таваккуре дар рағаботи мустамеон зоҳир шуд ва хиёри ҳар тоифае ва беҳинагони ҳар табақае аз аимма ва машоих ва асҳоби қаламу арбоби сайф ва туҷҷору бозориён дар он рағбат намуданд ва ҷамоате аз пирон ва сулаҳо ва аҳли маърифат ва арбоби дил мулозими он шуданд. Ва ба баракати иҷтимои ҳимам ва маёмини иттифоқи азоим, инфитоҳе дар дилҳо ва иншироҳе дар синаҳо ҳосил меомад.
Дар аснои он, тоифае, ки чашми басираташон кӯр гашта буд ва назарашон аз ишроки олами рӯҳонӣ маҳҷур монда ва рӯй чунон ба дунёи данӣ оварда буданд, ки илми «мин ладуннӣ»-ро пушти пой мезаданд, чӣ модамӯён1 марди он даргоҳ набошанд ва беобрӯён гарди он роҳ набинанд. «Ва ҷаално ало қулубиҳим акиннатан ан яфқаҳуҳу»2 сифати лозимаи эшон шуда буд, «Ва саасрифу ан оётия-л-лазина ятакаббаруна фи-л-арзи би-ғайри-л-ҳаққ»3 мутобиқи аҳволи эшон омада. Маа-л-иллоти [12] куллиҳо хештанро аз акобири уламо шумурда, ноираи ҳасад дар дили эшон иштиёл пазируфт ва қосиди ин заиф шуданд. Ва касофати ҷаҳлу сахонати4 ҳукм бад-он ҳадд анҷомид, ки дар ҳаққи Ҳуҷҷатулислом Муҳаммади Ғаззолӣ қадҳу таън карданд. Ва ҳар чӣ дар ин маонӣ ғулувв бештар менамуданд, рағбати мардумон дар таҳсили ҳаққ зиёдат мешуд.
шеър
Ва изо арода-л-Лоҳу нашра фазилатин,
Туният атоҳа лаҳо лисона ҳасудин5.
1 Модамӯй – (мӯйкананда) он ки чун зан бигиряд.
2 Анъом, 6:25.
3 Аъроф, 7:146.
4 Сахонат - анбуҳӣ, ситабр ва сахт гардидан.
5 Чун Худой бихоҳад фазилати пӯшидаро ривоҷ диҳад, забони ҳасудонро бад-он мегушояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё