Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Аммо зикри эҳсон он аст, ки ифзол ва инъоми ин подшоҳ дар ҳаққи ҳамаи мусулмонон алалумум, ва дар ҳаққи арбоби илм ва асҳоби тақво алалхусус шоеъ ва мустафиз аст. Ло сиямо дар ин айём, ки фитнаи куффори Чин1- «қатаъа-л-Лоҳу добираҳум ва аҳлака аввалаҳум ва охираҳум» дар диёри ислом қоим шуд ва аҳли ислом бад-ин ҳодисаи шаниъ ва воқеаи фазиъ2, ки мисли он дар таворих мастур нест, мубтало гаштанд ва мусулмонони Хуросону Мовароуннаҳр ва Ғуру Ғазнин бал [6] коффаи мусулмонони Машриқ, он чи аз ин зарари мубир3 ва шарари мустатир4 халос ёфтанд бад-ин ҳазрат шитофтанд ва дар зилоли ин давлати ҳумоюн биёсуданд ва ба ҳиболи ин иқболи рӯзафзун тамасрук намуданд. Ва инъоме, ки ба масолеҳи дин ва маноҳиҷи охират тааллуқ дорад он аст, ки ин заифро тарҷумаи ин китоб дар зилли риоят ва ҳарими ҳимояти ин подшоҳ муяссар мешавад. Ва ин неъмат ҳамаи мусулмонони рубъи маскунро дар кулли аъсор то инқирози олам ва инқизои банӣ Одам шомил хоҳад буд. Бал фавоиди он боқиёти солиҳот аст, ки абадӣ ва сармадӣ аст.

Ва аммо муболағати дуо он ки ҳамвора аз ҳазрати Зулҷалол ба тазаррӯъ ва ибтиҳол хоста меояд, ки қаводии мамлакат ва мабонии салтанати ин подшоҳро ҳар лаҳза муаккадтар ва ҳар соат мушайядтар гардонад. Ва давлати ин сарой ва мамлакати инҷаҳонии вайро ба давлати он сарой ва мамлакати онҷаҳоний, ки «ва изо ра-айта самма раайта наъиман ва мулкан кабиран» мавсул кунад ва дар хисоли ҳамида ва сайри писандида, ки сабаби ҳусули қурб ва мӯҷиби найли ризои Илоҳӣ тавонад буд, мазиди тавфиқ ва камоли таъйид бахшад. Ва аз афъолу аъмол, ки муқтазои буъд ва мусталзими саҳати он ҳазрат бошад, мубарро дорад ва домани давлати вайро аз гарди «ва ло таттабиъу-л-ҳаво фаюзиллака ан сабили-л-Лоҳ» сиёнат фармояд. «Бифазлиҳи-л-амим ва карамиҳи-л-азим».

1 Ишора аст ба ҳамлаи муғул бар Хуросон, ки аз соли 616 ҳиҷрӣ ба баъд воқеъ шуда ва ин ёдоварии гувоҳи содикест бар сиҳҳатии таърихи ин тарҷума, ки ду бор дар муқаддимаи мутарҷим 620 ҳиҷрӣ зикр шудааст.
2 Фазиъ - сахт, зишт 3 Мабир - муҳим 4 Мустатир - фарогир

пешина
аз 567
навбатӣ