Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ФАСЛИ АВВАЛ

ДАР ҲАМДУ ДУО ВА МАДҲУ САНОИ ПОДШОҲИ ИСЛОМ

Ғарази ин заиф дар эроди ин фасл он нест, ки мӯътоди маддоҳон ва мутаорафи фаззолон шароити такаллуф иқомат намояд ва солики маноҳиҷи тазайюд ва таассуф шавад. Чӣ ин маъни аз чанд ваҷҳ дар ин макон лоиқ нест:

Яке он ки такаллуф ба наздики аҳли басират мазмум ва мамқут аст. Ва Пайғамбар - алайҳи-с-салоту ва-с-салом - эрод фармудааст: «Ана ва атқиёу уммати бураоу мина-т-такаллуф».

Дуввум он ки авқоти (вақтҳои) ин заиф дар ин айём дар эҳрози ҳақоиқи Илоҳӣ ва иншои маърифи кудсӣ мустағриқ аст ва ҳиммати ӯ бар он мақсур, ки он чӣ аз маросими такаллуф[5] ва тазайюд пеш аз ин рафтааст, аз он истиғфор кунад. Пас дар ин ҳол бад-он машғул шудан бағоят баид бошад.

Севвум он ки дар матлаъи чунин китобе, ки [нофии] маросим ва одот аст ва мусбити фазоил ва саодот, иқомати маросими такаллуф дар ғояти истибъод ва истинкор тавонад буд.

Чаҳорум он ки касеро Ҳақ таъоло мансаби салтанат дод ва амру наҳии ӯро дар акнофу ақтори олам нофиз гардонид, вайро бо мадоеҳи расмӣ ва саноҳои такаллуфӣ чӣ ҳоҷат бувад?

Валекин, эроди ин фасл барои гузорди ҳаққи инъом ва тақдими шукри эҳсон аст. Чӣ Пайғамбар - алайҳи афзалу-с-салавоти ва-т-таҳиёт - фармудааст: «Ман лам яшкури-н-носа лам яшкури-л-Лоҳ». Ва шукри гадоён подшоҳонро ба муқобала ва мукофот ва мумосала ва муҷозот натавонад буд, бал ба ду чиз бошад: Яке он ки ба зикри эҳсон ратбу-л-лисон бошанд. Чунон ки Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-т-таҳия - гуфтааст: «ат-таҳаддусу би-н-шами шукрун». Дуввум он ки дар дуои хайр муболагат намояд. Чи Пайғомбар – алайҳи-с-салоту ва-с-салом – фармудааст: «Ман асдо илайкум маъруфан фа-кофиуҳу фаин лам тастатиҷ фадъу лаҳу ҳатто тарав аннакум қад кофаътумуҳу».

пешина
аз 567
навбатӣ