Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

МаърифатТаърих
Аз аввал хондан

Ва филҷумла, Ҳуҷҷатулислом дар миёни муҳаққиқон ва муҷтаҳидони мунъадиму-н-назир ва мункатиу-л-қарин будааст. Чунон ки Ҷамолу-л-азб Абулмузаффар ал-Куфанӣ1 ал-Абивардӣ2 дар марсияи вай иншод кардааст.

Шеър
Бако ало Ҳуҷҷатилисломи ҳина саво,
Мин кулли ҳаййин азиму-л-қадири ашрафуҳу.
Ва мо лиман ямтарӣ фи-л-Лоҳи дамъатаҳу,
Ало Абиҳомидин лоҳа юҳаннифуҳу.
Тилка-р-разияту таставҳӣ қиво ҷалади,
Ва-т-тарфа тусхируҳу ва-д-дамъа танзифуҳу.
Фамолаҳу хаслатун фи-з-зуҳди тункируҳу,
Ва молаҳу шабаҳун фи-л-илми наърифуҳу.
Мазо ва аъзаму мафқудин фучуъту биҳи,
Ман ло назира лаҳу фи-д-дини яхлифуҳу.3

Ва ин заиф чун дар авохири шуҳури санаи ишрин ва ситту миа ба ҳазрати Деҳлӣ — аҷаллаҳа-л-Лоҳу — расид ва аз тарбияту отифати султону-с-салотин Шамсу-д-дунё ва-д-дин, Зу-л-амони лиаҳли-л-имон, вориси мулки Сулаймон, соҳибу-л-хотам фи мамлакатиҳи-л-олам, Искандара-с-сонӣ, муину халифати-л-Лоҳ, носиру амирул-мӯъминин «тарраза-л-Лоҳу би-л-фатҳи ва-з-зафари аъ-ломаҳу ва наввара би-л-адли ва-л-эҳсони айёмаҳу» - насибе ёфт. Ва аз макориму [4] алтофи соҳиби аҷалл, муаййиду-л-мулк, малику-л-вузаро, осифу-л-аср, нофизу-л-амр, рукну-л-маосири ва-л-масой кахуфу-л-макорими ва-л-аёдӣ, Абӯлмаолӣ Муҳаммад ибн ас-Соҳиби-л-аҷал фахру-л-мулк, шарафу-д-давлати ва-д-дин, Абисаъд ал-Ҷунайдӣ¹ - ҳарраса-л-Лоҳу ҷалолаҳу ва мадда ала-л-муслимина зилолаҳу- ҳаззе истифо кард. Маҷлиси Олии соҳибӣ²- дома олиян - мисол дод ва ишорат фармуд, ки «Эҳёу улуми-д-дин»-ро ба (ҳамгинонро аз он фоида бошад, чӣ аксари халқ аз идроки ибороти тозӣ қосиранд. Ва он ҳақоқику маориф дар зоти худ мушкил аст, чун усрати тозӣ бо он замм шавад, тааззури идрок ва таассури дарёфт тазоуф пазирад.

Чун таҳрики ин доъия тавфиқе раҳмонӣ ва таъйииде яздонӣ буд, имтисоли он мисол ва иртисоми он ишорат воҷиб ва лозим шинохта омад. Ва ба ҷидде комил ва ҷаҳде вофир рӯй бад-он оварда шуд. Ва пеш аз он ки дар тарҷумаи китоб шурӯъ равад, чаҳор фасл тақдим афтод.

1 Куфан — деҳи кӯчакест дар Хуросон дар наздики Абивард (Мӯъҷаму-л-булдон).
2 Шоир ва адиби мутаваффоӣ дар соли 507 ҳиҷрӣ («Аълом»-и Зиркалӣ).
3 Бар марги Ҳуҷҷатулислом шарифтарин ва баландтарин мардумон гиристанд. Касе, ки барои Худой дар суги (мотами) Абӯҳомид беихтиёр бигиряд, сазовори сарзаниш нест. Ин мусибат маро аз пой даровард, чунонки хоб аз дидагон рабуд ва чашмаи ашкро хушконид. Дар порсоии ӯ сифате набуд, ки туро нописанд афтад. Ва дар илм барояш ҳамтое намешиносем. Ӯ даргузашт ва ман бар дарди волотарин аз даст рафтаи худ дучор шудам, он ки дар дин назир надорад, то вайро ҷонишин шавад.
Чун Муаййидуддин Муҳаммади Хоразмӣ, мутарҷими китоб, дар ин ҷо ошкоро ёдовар шуда, моҳҳои охири 620 ҳиҷрӣ ба Деҳлӣ рафта ва ба тарҷумаи «Эҳёу улуми-д-дин» пардохтааст, бинобар ин ҷои тардид боқӣ намемонад, ки ҳомии вай дар ин кор Шамсуддини Ил тутмиш бунёнгузори силсилаи «Шамсия» будааст. Ин подшоҳ соли 607 то 633 ҳиҷрӣ бар Ҳиндустони Ғарбӣ ва билоди Синд фармонраво будааст. Абусаъд Муҳаммади Ҷунайдӣ вазири ин подшоҳ буда, ӯ ҳамон касест, ки Муҳаммад Авфӣ китоби «Ҷомеу-л-ҳикоёт»-и худро дар ҳудуди соли 630 ҳиҷрӣ ба номи вай такмил кард ва ба дасти рӯзгор супурд (Аббос Иқболи Оштиёнӣ. Таърихи муғул, чопи Теҳрон. — С. 10 ва 518.

Соҳибӣ, (й) дар охири исм дар алқоб ва ановин ба кор меравад, монандӣ ҳазрати маҳдумӣ, қиблагоҳӣ, худовандгорӣ, устодӣ ва фарзандӣ.

Иртисом - фармон бурдан.

пешина
аз 567
навбатӣ