Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Ва ҷамоате, ки фитрати эшон аз шавойибу кудурот софитар буд ва хилқати эшон аз маойибу қозурот холитар ва аз олами анвор лумъае бар эшон тофта ва аз дарёи асрор ҷуръае бад-эшон расида ва дилҳои эшон истеъдоди он ёфта, ки маодини ҷавоҳири илму ҳикмат шавад ва ҷонҳои эшон қуввати он гирифта, ки матолеи завоҳири маърифату муҳаббат гардад ва аз касрати фикратҳои сойиб ва ҳадсҳои соқиб сирри эшон чун оинаи маҷлувв¹ шуда, «ва якоду зайтуҳо юзур ва лав лам тамсасҳу нор» сифати лозимаи он гашта, чун аз ифодат ва таълими набавӣ ва иршоду тафҳими Мустафавӣ мададе ёфтанд, «нурун ало нурин» ҳосил шуда, «яҳди-л-Лоҳу ли нуриҳи ман яшоу»² бад-эшон восил гашт; ва аъломи авлиё ва афсиё дар ин муддат истеъло гирифт ва аҳкоми уламо ва кубарои ин миллат истило ёфт; ва маорифи кудсӣ ва латоифи ҳадсӣ аз янобеи дилҳо бар маҷории забонҳо равон шуд ва он чи аз асрори Илоҳӣ ва анвори номутаноҳӣ дар нитоқи [2] нутқ гунҷид ва мизони иборат онро барсанҷид, дар баён омад; вадоеи мутақаддимон бо базоеи мутааххирон мунзам шуд ва улуми «суллату-м-мина-л-аввалина»³ бо маорифи «ва қалилу-м-мина-л-охирина»⁴ ба ҳам пайваст; ва маносиби пешиниён ба пасиниён расид ва «кулламо мота воҳидун абдала-л-Лоҳу маконаҳу охара» муҳаққақ шуд ва ҳақиқати «уммати ка-л-матари ло юдри аввалуҳу хайрун ам охируҳу» зоҳир гашт. Ва тоифае, ки мустаҷмии улуми ботину зоҳир шуданд ва чунончи дили эшон ба лавомеи кашф ва таволеи ваҷд мутаҳаллӣ буд, забонашон ба тақрири иборот ва эроди ишорот мутаҳаллӣ гашт, ҷавоҳири ҳақоиқро дар силки таснифот кашиданд ва завоҳири дақоиқро аз афлоки таълифот толеъ гардониданд.
Ва таснифе, ки аъломи ҳақиқат ва маъолими тариқатро ҷомеъ аст ва бароҳини ақлӣ ва дадоили нақлиро шомил ва аъло матолиби орифон ва ақсо мақосиди толибон дар он мазкур ва ғоёти ақдоми уламо ва ниҳоити авҳоми ҳукамо дар он мастур, «Эҳёу улуми-д-дин» аст, ки Имоми аимма Ҳуҷҷатулислом Муҳаммади Ғаззолӣ – қаддаса-л-Лоҳу рӯҳаҳу-л-азиз – сохтааст ва бар муҳаққиқони мутақаддим бад-он дараҷаи фазилат ва мартабаи мазият ёфта ва муҷтаҳидони мутааххирро аз гарди он шикофтанд ва гирди он шитофтан оҷизу қосир карда. Ва тасонифи он бузург дар ғоёти касрат ва ниҳоити ҳусн аст. Чунонки Имоми аллома, фахру-л-миллати ва-д-дин, ад-дой ила-л-Лоҳ, Муҳаммад Умари Розӣ - афоза-л-Лоҳу алайҳи сиҷола раҳматиҳи - дар китоби «Риёзи мавнақа», дар бобе, ки дар маротиби асҳоби суннат максӯр аст, бар ин ҷумла зикри он кардааст: «Лаин ҳасуна-л-ифтихору мин-л-мӯътазилати бикасрати [3] мусаннафоти-л-Ҷоҳизи, маа анна аксараҳо ҳазаёнотун, фалиан яхсуна-л- ифтихору минно бикасрати мусаннафоти хоза-л-Имоми фи-л-улуми-л-аклияти ва-н-наклияти маа аннаҳо фи ниҳоити-л-ҳусни авло». Ва «Эҳёи ул-ум» воситаи қилодаи он мусаннафот ва тарози кисвати он муаллафот аст. Ва Имоми аллома фахру-л-миллати ва-д-дин, чунон ки ин заиф мушоҳида кард, Ҳуҷҷатулисломро бар ҳеҷ таснифе он ғибтат накардӣ, ки бар «Эҳёу улуми-д-дин». Ва аксари ҳақоики онро дар тафсири худ «Мафотиҳу-л-ғайб» эрод фармудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё