Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Фасли дуввум

ДАР МАҲОМИД ВА ШАМОИЛИ СОҲИБИ АҶАЛ

Возеҳтар далеле ва лойиҳтар бурҳоне ва ломеътар ҳуҷҷате ва қотеътар байинате бар тақаррури иноят ва таҳаққуқи риояи Борӣ таъоло дар ҳаққи [7] бандагон аст, ки пас аз он чӣ якеро аз таййиботи дунё ва заҳорифи маҳсусот, ҳаззи акмал ва насиби авфар диҳад; ва дар масолеҳи маъоши дунё ва манозими ҳаёти оҷил инони амру наҳӣ ва зимоми ҳаллу ақд ба кафи кифояти вай мануту марбут гардонад; ва дар ҷалоили ашғоли мамлакат ва мӯъзамоти аъмоли салтанат, қавлу қалами ӯро ҷавоз ва нафоз бахшад; ва дар неъматҳои хориҷӣ, ки молу ҷоҳ аст, ӯро ба мартабаи улё ва дараҷаи кусво бирасонад; ва бо камоли сиҳҳат ва вуфури қудрат, ки аз неъматҳои зотӣ аст, ҳусули ин ниами хориҷӣ муназзам гардонад, маа золик1 ӯро таматтӯоти ҷисмонӣ ва талаззузоти ҳиссиву хаёлӣ боз нагузорад ва ба дурбоши «Зарҳум яъкулу ва ятаматтаъу» аз ҷониби кудс ва ҷавори малакут дур наяндозад, то бастаи неъматҳои хориҷӣ ва баданӣ намонад ва пайванди вай аз ҳабли матини Илоҳӣ мункатеъ нагардад, бал неъматҳои ботин - ва он қувои ақлӣ аст аз назарӣ ва амалӣ - бар вай арзонӣ дорад. Ва ба таъйиди зулҷалолӣ ва танбеҳи лоязолӣ ба ҳукми «наббиҳни илоҳӣ ли-л-хатари-л-азим» бедор кунад ва нидои «қул матоу-д-дунё қалилун» ба самъи дили ӯ расонад ва қазияи «ва ман юъта-л-ҳикмата фақад утия хайран касиран»2 бар вай мункашиф гардонад; ва рӯйи вай аз қиблаи дунё - ки бо ғояти хасосат ва ниҳояти ҳақорат ба қиллати бақо ва суръати фано мавсум аст - ба қиблаи уқбо, ки бо касрати шараф ва азамати хатар, давом ва хулуд сифати зотии вай аст - орад ва муқаддимаи «ло айша илло айшу-л-охирати» бар замири вай гуморад. Он гоҳ аз он мақом ба фармони «ва ликуллин виҷҳатун ҳува муваллиҳо фасатабиқу-л-хайрот»3 ба ҳазрати Илоҳӣ, ки қиблаи ҳақиқӣ аст, тараққӣ фармояд ва ҳиммати вай [бар] таҳсили [8] маорифи ҳақиқӣ ва иқтинои4 маолими кудсӣ мавқуф кунад ва наҳмати вай дар эҳрози аъмоли хайр ва ҳиёзати аъмоли бирр масруф гардонад, то чунон ки қувои ҷисмонии вай

1 Дар нусхаҳои хаттӣ: ва маазолик...
2 Бақара, 2:269.
3 Бақара, 2:147.
4 Иқтиноъ - гирдовари, андӯхтан.

пешина
аз 567
навбатӣ