Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

ОСОРИ ҒАЗЗОЛИ

Ғаззолӣ дар ҷаҳони донишу дурандешӣ аз ҷумлаи бузургтарин номоварони бархӯрдор аз андешаҳои инсонӣ аст, мутафаккири ворастаест, ки дар миёни мардуми рӯзгор ба болотарин пойгоҳи андеша роҳ ёфтааст. Пас, агар дар мавриди теъдоди осори марди пуркори ва фаровонасар чун ӯ муболиға шавад ва ҳақиқату афсона дарҳам омезад, ҷои шигифтӣ нахоҳад буд.

Ғаззолӣ ҳамчун Арасту аз донишварони баландовозаест, ки илова ба навиштаҳои аслии худаш, бо гузашти замон китобҳои фаровони дигаре ба вай нисбат додаанд, китобҳое, ки теъдодаш шаш баробари рақамест, ки худаш ду сол пеш аз марг дар номае ёдовар шудааст1. Омехтани ҳамин осори фаровон бо китобҳои аслии ӯ кори пажӯҳишро бар аҳли таҳқиқ чунон душвор кард, ки барои шиносоии дуруст аз нодуруст пажӯҳишгаронро ба меъёри дақиқ — яъне тартиби таърихии осори Ғаззолӣ — ниёз афтодааст, меъёре, ки метавонад таърихи пайдоиши ҳар як аз осори аслии Ғаззолиро равшан созад. Шинохти даврони такомули андешаи ин бузургутод танҳо бо вуҷуди чунин меъёр имконпазир аст, ва бад-ин васила мумкин аст аз чигунагии таҳаввули бузурге, ки дар зиндагии пурнишебу фарози ӯ рух намуда, огоҳ шуд.

ТАРТИБИ ТАЪРИХИИ ОСОРӢ ҒАЗЗОЛӢ

Хушбахтона, ховаршиносон дар заминаи тартиби таърихии осори Ғаззолӣ бисёр кор кардаанд ва доктор

1 Бидон, ки ин дойӣ дар илмҳои динӣ ҳафтод китоб кард ... (Макотиби форсӣ. — С.4)

пешина
аз 567
навбатӣ