Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
Абдурраҳмон Бадавӣ чакидаи корҳои илмии бештари ононро дар оғози китоби арзандаи худ ба номи «Муаллафоту-л-Ғаззолӣ» гирд овардааст, ки тарҷумаи гулчине аз онро дар ин ҷо хоҳам овард:
Аз Гошше¹, Макдоналд² ва Голдсиер³, ки бигзарем, нахустин ховаршиносе, ки дар китоби хеш зери унвони «Тартиби таърихии муаллафоти Ғаззолӣ» сухан гуфтааст, Луи Масиниён аст, ки замони таълифи осори Ғаззолиро дар чаҳор марҳила бад-ин тартиб танзим кардааст:
Марҳилаи аввал (478-484ҳ.) — китоби «ал-Ваҷиз»-и Ғаззолӣ дар ин марҳила таълиф шудааст.
Марҳилаи дуввум (484-488ҳ.) — ки Ғаззолӣ дар он китобҳои «Мақосиду-л-фалосифа» ва «Таҳофуту-л-фалосифа» ва «ал-Иқтисоду фи-л-эътиқод» ва «Фазоиҳу-л-ботиния»-ро навиштааст.
Марҳилаи севвум (492-495ҳ.) — Ғаззолӣ дар ин солҳо «Эҳёу улуми-д-дин»-ро, ки қаблан оғоз карда буд, ба анҷом расонида ва китобҳои «ал-Мустасфо» дар усули фиқҳ ва «Кимиёи саодат» ва «Минҳоҷу-л-обидин ило ҷаннати рабби-л-оламиин»-ро навиштааст.
Марҳилаи чаҳорум (аз соли 495ҳ. оғоз мешавад ва дар соли 505 ҳиҷрӣ (1111 мелодӣ) дар шаҳри Тӯс бо маргаш поён мепазирад). Ғаззолӣ дар ин солҳо ба нигориши китобҳои «Меъёру-л-илм» ва «Миҳаку-н-назар» ва «ал-Мақсаду-л-асно фи шарҳи асмоу-л-Лоҳи-л-ҳусно» ва «Аҷвибату-л-мускита» ва «Мизону-л-амал» ва «Ҷавоҳиру-л-Қуръон» ва «ал-Мункиз мина-з-залол» ва «Илҷому-л-авомм» ва теъдоде китоб ва рисолаҳои дигар пардохтааст.
¹ R. Gosche
² D.B. Macdonald
³ Goldziher

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё