Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа
- Пешгуфтори мураттиби чопи форсӣ ва мутарҷими он -
«Ту мазҳаби Абӯҳанифа дорӣ ё Шофеъӣ?» Имом дар ҷавоб гуфт: «Ман дар ақлиёт мазҳаб бурҳон дорам ва дар шаръиёт мазҳаб Қуръон. На Абӯҳанифа бар ман хатте дорад ва на Шофеъӣ бар ман бароте». Устод Асъад гуфт, «ки ин сухан хатост». Имом гуфт: «Эй бечора, агар ту аз илму-л-яқин шаммае медонистӣ, намегуфтӣ, ки ман хато мегӯям, андар қайди зоҳир мондаӣ ва маъзурӣ ва агар ҳурмати пирӣ ва муқаддамии ту набудӣ бо ту мунозара кардаме ва роҳи таҳқиқ ба ту намудаме»1.
Ва дар сафҳаи 181 ва 182 ин тарҷумаи «Китоби илм» сухани дигар ривоят шудааст, ки истиқлоли фикрии Ғаззолиро нек таъйид мекунад: «Ва баъзеҳо гуфтаанд, ки он чӣ аз Пайғамбар - алайҳи-с-салом - ба мо расид онро ба сару дида қабул кардем ва он чӣ аз саҳоба расид, баъзе гирифтем ва баъзе гузоштем ва он чӣ аз тобеин расид, эшон мардонанд ва мо мардонем».
1 Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкирату-ш-шуаро. – Лейден. – С. 85.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё