Зеҳн
Эҳёу улуми-д-дин (Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ)

Ин китоб асари машҳури динӣ ва ахлоқии муаллиф буда, масоили гуногуни ҳаёти маънавии ҷомеаи исломиро баррасӣ мекунад. Дар он масъалаҳои ибодат ва арзишҳои рӯҳонӣ бо таҳлили амиқ баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 3 октябри 2026 · 567 саҳифа

ТаърихМаърифат
Аз аввал хондан
  1. Нусхаи Китобхонаи миллии Ленинград, ки дар феҳристи Дорн ба шумораи 255 муаррифӣ шуда. Ин нусха низ шомили «Рубъи ибодот» ва акси он назди ин ҷониб аст.

  2. Нусхаи Китобхонаи Отиф Афандӣ дар Исломбул. Ин нусха шомили як ҳаштуми китоб аст, яъне аз оғози «Рубъи ибодот» то поёни китоби чаҳорум («Китоби асрори намоз»)-ро дар бар мегирад ва акси он дар Китобхонаи марказӣ мавҷуд аст.

  3. Нусхаи феҳристнашудаи шумораи 10184, мутааллиқ ба Китобхонаи Маҷлиси Шӯро. Ин нусха бо китоби шашум аз «Рубъи мунҷиёт» оғоз мешавад, яъне шомили ниме аз рубъи чаҳоруми тарҷумаи форсӣ аст ва дар поён чанд вараҳе афтодагӣ дорад.

  4. Нусхаи ҷадиди Китобхонаи Маҷлиси Шӯро, ки дар соли 1351 ҳ. ш. харидорӣ шуда ва шомили «Рубъи ибодот» аст. Чопи ҳозир бо ин нусха низ муқобила шуд.

  5. Нусхаи нафис ва комил аз «Рубъи муҳликот» мутааллиқ ба «Дору-л-кутуби-л-қавмия» дар Қоҳира.

  6. Нусхаи нафис ва комил аз «Рубъи мунҷиёт» мутааллиқ ба «Дору-л-кутуби-л-қавмия» дар Қоҳира. Ин ду нусха дар «Феҳрасу-л-махтутоти-л-форсия» таълифи Насруллоҳ Мубашшири Тарозӣ муаррифӣ шудааст ва акси онҳо дар ихтиёри ин ҷониб аст.

  7. Нусхаи Китобхонаи авқофи Ҳалаб ё Китобхонаи Аҳмадия. Ин нусха дар феҳристи нусхаҳои хаттии форсӣ таълифи оқои Аҳмади Мунзавӣ муаррифӣ шуда ва шомили нимаи аввали китоб, яъне «Рубъи ибодот» ва «Рубъи одот» аст ва оқои Сайид Абдулазизи Таботабоӣ навиштаанд: «Аз оғозаш ду барг афтодагӣ дорад».

  8. Нусхаи Китобхонаи Мадрасаи Файзияи Қум, ки шомили нимаи аввали китоби «Эҳё», яъне «Рубъи ибодот» ва «Рубъи одот» аст. Ин нусхаро оқои Ризо

пешина
аз 567
навбатӣ