Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
калима ва ибораҳои гуфтугӯии халқӣ, фаровонии калима ва ибораҳои русӣ-интернационалӣ, худдорӣ аз истеъмоли калимаҳои арабӣ, дар тарзи ифода даст кашидан аз услуби суханпардозии пуртакаллум, кор фармудани шаклҳои гуногуни морфологӣ, равонии сохти синтаксисӣ ва серистеъмолии ҷумлаҳои содда, истифода бурдани аломатҳои китобатии забони тоҷик, ба забони зинда такя намудани он — ин ҳама хизмати бузурги нависанда дар соҳани инкишофи забони адабии тоҷик мебошад.
Манзараи умумии асар ва осори хаттии ибтидои асри XX моро ба чунин хулоса овард, ки забони адабии ибтидои асри XX дар тарзи баён, таркиби луғавӣ, шаклу воситаҳои грамматикӣ ва сохти синтаксисӣ, нисбат ба забони давраҳои гузашта бештар ба забони зинда наздиктар шудааст.
Забони "Туҳафи аҳли Бухоро" ва асарҳои дигари ин давр сарфи назар аз мавҷудияти баъзе хусусиятҳои фарқкунандаи грамматикию услубиашон бо вазъият ва тағйироти умумии сифатии худ ба забони адабии ҳозираи тоҷик наздикии бевосита дорад.
Таҳлилу тадқиқи забони асар аз чанд ҷиҳат аҳамиятнок аст:
-
Маълум аст, ки забони адабии ибтидои асри XX давоми инкишофи тараққиёти ҳазорсолаи забони адабии тоҷик мебошад. Аз ин ҷиҳат омӯхтани таркиби луғавӣ, шаклҳои грамматикии "Туҳафи аҳли Бухоро" то дараҷае барои равшану муайян кардани фарқи шаклу воситаҳои грамматикии забони адабии он давр аз забони адабии ҳозираи тоҷик кӯмак хоҳад расонд.
-
Равшан кардани хусусиятҳои лексикӣ ва грамматикии забони "Туҳафи аҳли Бухоро" барои нишон додани хусусиятҳои забони адабии давр, дар муқоиса бо асарҳои нависандагони дигар ва, аз тарафи дигар, барои муқоиса кардани забони адабии ибтидои асри XX бо забони адабии ҳозираи тоҷик ва пешгузашта, инчунин дар навиштани грамматикаи илмии таърихӣ материали арзандае хоҳад дод. Асари Мирзосироҷ дар байни асарҳои бо услуби содда навишташуда ҷои муайянро ишғол мекунад.
Ҳамин тавр, "Туҳафи аҳли Бухоро" дар муайян кардани хусусиятҳои лексикӣ ва грамматикии забони адабии ибтидои асри XX ва ба нормаи забони адабӣ дохил шудани баъзе унсурҳои нав аҳамияти махсусе дорад.
Ин рисола хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии "Туҳафи аҳли Бухоро"-ро дар бар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё