Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

лесикӣ ва грамматикии ин давр ҳамчун асари бадеии ёддоштӣ аҳамияти ба худ хос дорад. Ин марҳилаи забони адабиро ҳалқаи пайвандкунандаи ду давраи асосии тараққиёти забони адабии тоҷик номидан мумкин аст.

"Туҳафи аҳли Бухоро" соли 1913 дар матбааи Когон аз чоп баромадааст. Асар таҳти рақамҳои 3000, 3001, 3002 дар шӯъбаи дастхатҳои китобхонаи республикавии Фирдавсӣ, дар Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон, дар шӯъбаи дастхатҳои Институти шарқшиносии АФ РСС Ӯзбекистон, инчунин дар китобхонаҳои Самарқанд, Бухоро ва Когон маҳфуз аст.

Мирзосироҷи Ҳаким дар асараш тартиботи нисбатан пешқадами мамлакатҳои Аврупо ва Шарқ, инкишофи онҳо ва тараққиёти илму техникаро бо тартиботи асримиёнагии Бухоро, ба харобӣ ва ақибмонии ин кишвар муқоиса намуда, мардуми Бухороро ба тараққиёт ва пешравӣ даъват менамояд. Ӯ дар тасвири шаҳрҳо, музейҳо, китобхонаҳо, мактабу мадрасаҳо маҳорати баланди нависандагӣ нишон додааст. Асар дар омӯхтани воқеаҳои таърихии ибтидои асри ХХ, хусусан, революцияи соли 1907-и Эрон ба аҳамияти калон молик аст. Аз ин ҷиҳат "Туҳафи аҳли Бухоро" барои таърихшиносон низ материали бое хоҳад дод.

Адабиётшиноси машҳур, профессор Х.Мирзозода "Туҳафи аҳли Бухоро"-ро аз асарҳои беҳтарини насри ибтидои асри ХХ шуморида, таъкид кардааст, ки насри нави бадеии тоҷик асосан аз ибтидои асри ХХ оғоз ёфтааст ва ба ин қисми насри бадеӣ "Таҳзиб-ус-сибён"-и С.Айнӣ, "Туҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзосироҷи Ҳаким ва ҳикояҳои Фитрат дохил мешаванд.

Забон ва тарзи баёни "Туҳафи аҳли Бухоро" содда ва оммафаҳм буда, дар он таҷрибаи адабию услуби фардии нависанда хеле хуб акс гардидааст. Бесабаб нест, ки устод С.Айнӣ забони асарҳои Мирзосироҷ ва Садри Зиёро аз забони Аҳмади Дониш хеле содда ва осонфаҳмтар гуфтааст 14. Нависанда бар зидди душворнависӣ, ибораву роҳҳои бемаънии нолозим ва суханбозии зиёдатии, ки дар насри пешин зиёд буд, мубориза бурда, асари худро дар рӯҳи забони адабии оммафаҳм иншо намудааст.

Мирзосироҷ монанди Садриддин Айнӣ, Садри Зиё, Муҳаммадсодиқи Гуллӣ ва маорифадркарони дигар дар ин марҳилаи инкишофи забони адабӣ барои демократӣ кунонидани забони адабӣ роли басо муҳим бозидааст. Соддагии таркиби луғавӣ, серистеъмолии

пешина
аз 159
навбатӣ