Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
баъзе ҷиҳатҳои лексикӣ ва грамматикии забони адабии ин даврро таҳлил намуда, хулосаҳои дурусти илмӣ баровардаанд. Бо вуҷуди ин мақсади муаллифони асарҳои мазкур ҳартарафа муайян намудани забони "Туҳафи аҳли Бухоро" набудааст, бинобар он дар асарҳои онҳо танҳо хулосаҳои умумӣ доир ба баъзе ҷиҳатҳои лексикӣ ва грамматикии асар дида мешаванд ва тадқиқотчиро вазифадор менамоянд, ки ба масъалаҳои зикршуда эътибори махсус диҳад.
Дар забоншиносии тоҷик доир ба забони адабии ин давр ва "Туҳафи аҳли Бухоро" қайду навиштаҷоти дигареро дучор нашудем.
Кори тадқиқотии мазкур ба омӯхтани забони яке аз давраҳои хеле муҳими забони адабии ибтидои асри ХХ дар асоси "Туҳафи аҳли Бухоро"-и Мирзосироҷи Ҳаким бахшида мешавад.
Аз таърих маълум аст, ки шароити зиндагии мардуми Осиёи Миёна дар ибтидои асри ХХ нисбат ба давраҳои пешин хеле мураккабу мухталиф будааст. Вале ин давра дар инкишофу тараққии минбаъдаи забони адабии тоҷик ва ҳаракати пешраванди содда кардани забону услуб марҳилаи муҳим ва фарқкунандае ба ҳисоб мерафт.
То инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна сохти феодалӣ бо тамоми хусусиятҳояш давом дошт.
Бо баробари ин дар ин марҳила муносибатҳои капиталистӣ дар ҳаёти мамлакат оҳиста-оҳиста роҳ меёфт, роҳи оҳан кашида шуд, корхонаҳои нав пайдо шуданд, рафтуомад ва кори савдо бо Россия хеле равнақ ёфт.
Дар марказҳои илмӣ хусусан дар Самарқанд, Когон ва Тошкент мактабҳои типи нав пайдо шуданд. Дар ин шаҳрҳо мактабҳои русӣ кушода шуданд. Ҳамаи ин навигариҳо дар забон бевосита акс мешуд ва вобаста ба ин дар забони адабӣ тағйирот ба вуҷуд меовард.
Дар Самарқанд, Когон ва Қӯқанд дастгоҳҳои китобчопкунӣ ташкил шуда буд, ки асарҳои адабӣ, илмӣ ва таърихӣ дар ин дастгоҳҳо чоп мешуданд. Масалан, девони Васлӣ (чопи Самарқанд), девони Туғрал (чопи Когон) ва "Туҳафи аҳли Бухоро" дар матбааи Когон чоп гардида буд. Аз арияти шоиру нависандагони ин давр ҳаракат мекарданд, ки забони асарҳояшон ба забони халқ як андоза наздик бошад.
Забони "Туҳафи аҳли Бухоро" дар муайян намудани хусусиятҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё