Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
Асар дар зери роҳбарии марҳум академик Б. Н. Ниёзмуҳаммадов навишта шудааст. Муаллиф ҳангоми навиштан ва ба чоп ҳозир кардани он аз марҳум аъзо-корреспонденти АФ РСС Тоҷикистон Н. А. Маъсумӣ, доктори илми филология Р. Ғаффоров, Ш. Рустамов, В. А. Капранов, Н. Шаропов, номзадҳои илми филология А. Раупов, С. Абдураҳимов, А. Мирзоев, Ф. Зикриёев, Б. Сиёев, Ҳ. Маҷидов ва Р. Набиева ёрӣ ва маслиҳатҳои хайрхоҳона гирифтааст. Аз фурсат истифода бурда ба рафиқони зикршуда ва махсусан муҳаррири рисола А. Раупов миннатдорӣ изҳор менамоям. Рисола, ки таҷрибаи нахустин дар омӯхтани забони адабии ин давр аст, табиист аз норасоиҳо озод нест. Умедворем, ки мутахассисони ин соҳа бо фикру мулоҳизаҳои пуркимат дар беҳтар шудани тадқиқ кӯмак мекунанд.
І. ЧАНД СУХАН ДАР БОРАИ ҲАЁТИ НАВИСАНДА
Аз сабаби он ки ҳаёт ва эҷодиёти Мирзосироҷи Ҳаким дар адабиёти тоҷик пурра омӯхта нашудааст, лозим шуморидем, ки аз рӯи маълумоти дастрас ҳаёт ва эҷодиёти ӯро то андозае равшан намоем.
Оид ба ҳаёт ва фаъолияти Мирзосироҷи Ҳаким маълумоти нахустини мухтасарро Садриддин Айний додааст. Устод Айнӣ дар "Намунаи адабиёти тоҷик"15 соли таваллуд ва вафоти нависандаро муайян намуда, аз сафарномаи ӯ ду порчаи насрий калонеро ҳамчун намуна овардааст.
Доир ба ҳаёти ин нависанда баъзе маълумоти нопурра дар "Таърихи мухтасари халқи тоҷик"16, "История таджикского народа", "Очерки по истории таджикской философии" ва "Анъана, маҳорат ва халқият" оварда шудаанд.
Аксарияти муаллифон Мирзосироҷро пайрави Аҳмади Дониш шуморида, ба насли дуюми маорифпарварон мансуб донистаанд20. Маълумоти мухтасаре, ки дар асарҳои олимон ва нависандагон дучор гардидем, танҳо ба таваллуду вафот ва ҷои истиқомат ва фаъолияти маорифпарварии Мирзосироҷ тааллуқ доранд.
Маълумоти муфассалтар доир ба ҳаёти нависанда дар кори тадқиқотии олими ӯзбек Н. Низомиддинов дода шудааст. Ӯ бахшида ба эҷодиёти нависанда бо унвони "Мирза Сирожиддин"21 ва "Саёҳларнинг ёзганлари"22 ба забони ӯзбекӣ ду китобча навиштааст. Баъдтар профессор Ҳ. Мирзозода дар маҷаллаи "Садои Шарқ"

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё