Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
чунки забон инъикускунандаи ҳама гуна ҳодиса ва воқеаҳо мебошад. Дар ин давр ба лексикаи забони тоҷикӣ аз забони русӣ як қатор калимаҳои нав иқтибос шуданд ва аз забони зинда як гурӯҳ калима ва ибораҳои халқӣ дохил шуда таркиби луғавии забонро такмил доданд ва ин дар навбати худ ба фаъолияти таркиби луғавӣ ва барои содда шудани забони тоҷикӣ то як андоза кӯмак расонид.
-
Шогирдон ва пайравони А. Дониш – Савдо, Шоҳин, Ҳайрат, Асирӣ, Мирзосироҷи Ҳаким, Муҳаммадсодиқи Гулшанӣ, Садри Зиё ва Садриддин Айнӣ дар роҳи маърифати халқ камари ҳиммат бастанд. Ин адибон ба халқ наздик кардани забони адабии тоҷикро мехостанд. Аксарияти онҳо тарғибкунандаи маданияти пешқадами халқи рус буданд. Онҳо дар асарҳошон калима ва ибораҳои халқӣ, инчунин калима ва ибораҳои русӣ-интернационалиро аз рӯи зарурӣ ва эҳтиёҷ кор фармудаанд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки мардуми тоҷик маърифатнок гардад. Дар иҷрои ин вазифаи муқаддас, барои он ки халқ забони асарҳои онҳоро фаҳмад, асарҳои соддаи оммафаҳм меофариданд.
-
Дар натиҷаи ба шаҳру ва деҳоти Осиёи Миёна роҳ пайдо кардани муносибатҳои капиталистӣ буржуазияи маҳаллӣ низ бо хислату характерҳои ба худ хос оҳиста-оҳиста дар ҳаёти иҷтимоӣ реша давондан гирифт. Бо таъсири буржуазияи рус, буржуазияи маҳаллии Осиёи Миёна дар баъзе шаҳрҳо матбуоти худро ташкил намуд.
Аз соли 1910 сар карда, то соли 1915 маҷаллаи “Оина”, рӯзномаҳои “Бухорои шариф” ва “Самарқанд” нашр мешуданд.
Дастгоҳҳои китобчопукӣ ташкил шуда, баъзе мактабҳои русӣ кушода шуданд. Дар чунин шароит барои ба тарафи худ кашидани омма буржуазияи маҳаллӣ аз забон ва матбуот истифода кардан мехост. Буржуазияи маҳаллӣ дар масъалаи содда ва ба омма наздик кардани забони адабӣ пеш аз ҳама манфиати худро ба назар мегирифт. Аз ин ҷост, ки забони матбуоти давр, хусусан маҷаллаи “Оина” ва газетай “Бухорои шариф” дар ҳар бобат аз забони асарҳои бадеӣ ва насри таърихнигории собиқ содда ва оммафаҳмтар буданд.
Барои намуна порчае аз мақолаи "Ҷавоб ба масъалаи мактаб" аз маҷаллаи “Оина”, соли 1913, № 7, саҳ. 172 меорем: “Агар дар аморати Бухоро тариқи таълим вайрон ва бефоида шавад, ислоҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё