Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

хонандагон менамоям, то ин ки соиринро низ таҷриба ҳосил гардад. Фикри худро ба қофиясанҷӣ ва иборапардозӣ банд накарда, софу содда ва бекаму нуқсон, бидуни ҳашву лағз айни матлабро ба арз мерасонам“11.

Аз ин гуфта чунин хулоса бармеояд, ки Мирзосироҷ моҳияти ҷамъиятии забонро хеле хуб дарк карда, ба аҳли қалам муроҷиат намудааст, ки ҳамин гуна услубро пайравӣ карда асарҳояшонро бо забони соддаи оммафаҳм эҷод намоянд.

Шоиру нависандагони содданавис ошкоро арз намуда буданд, ки услуби соддабаёнӣ аз қадим ибтидо дорад ва пойдевори онро осори Абуабдулло Рӯдакӣ ташкил менамояд. Дар ин хусус ҳам Мирзосироҷи Ҳаким мулоҳизаи қобили қабул дорад, ки гуфтааст:

Услуби дигар кунем эҷод,
Созем равони Рӯдакӣ шод.12

Дар хусуси қувват гирифтани услуби соддабаёнӣ дар ин давр устод Айнӣ дар "Намунаи адабиёти тоҷик" чунин қайде дорад: "Баъди А. Дониш, Мирзоазими Сомӣ ин шеваро дар наср ривоҷ дод ва нисбат ба Аҳмади Ҳалла боз ҳам соддатар навишт. Шарифҷон Махдум, ки аз иншонависони машҳури замони худ буд,... иншо, мактуб ва хотироти худро боз ҳам соддатар ва оммафаҳмитар карда менавишт"13.

Дар ибтидои асри XX ба содданависӣ майл зоҳир намудани маорифпарварон - пайравони А. Дониш ва гурӯҳи адибони дигар ба вазъияти таърихии давр вобаста буд:

  1. Дар шароити таърихии Осиёи Миёна дар ибтидои асри XX як қатор навигариҳо ба вуҷуд омад. Дар ибтидои асри XX дар Осиёи Миёна, хусусан дар хоки аморати Бухоро сохти феодалӣ ҳукмрон бошад ҳам, дар дохили сохти феодалӣ оҳиста-оҳиста муносибатҳои капиталистӣ тавлид ва инкишоф меёфт. Халқҳои Осиёи Миёна ба тадриҷ бо ҳаёти халқҳои Россия, ки маркази ҳаракати революсионӣ шуда буд, шинос мегардиданд. Дар ин давр алоқаи иқтисодӣ ва маданӣ дар байни Россия ва Осиёи Миёна ба суръат инкишоф меёфт, санъати капиталистӣ роҳ пайдо карда, ҳар гуна заводҳо, роҳҳои оҳан, банк, почта ва ғайра сохта мешуданд. Додугирифт ва рафтуомад дар байни халқҳои Россия ва Осиёи Миёна ривоҷ меёфт. Ҳамаи ин навигариҳои замон ба ҳаёти иқтисодӣ ва мадании халқ ва ба ин восита ба забони гуфтугӯӣ ва адабӣ, бешубҳа, таъсир мерасониданд,
пешина
аз 159
навбатӣ