Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
Таҳлилу тадқиқи пурраи забони асарҳои А. Дониш баҳси алоҳидаро талаб мекунад. Барои исботи душвории забони А. Дониш порчаеро нақл мекунем, ки то ҳадде ба тарзи баёни А. Дониш мисол шуда тавонад.
"...Табоез аз мусалласоти фалакуррӯҳи лозол мутаоқиб нозиланд ва соид ва чунон ки он ҷавҳари фард дар афлок ва кавокиб сайрон ва даварон кунад, ҳамчунон дар маротиби таназзули арбаа, ки фавқи арш такрир шуда, ҳам соир ва доир бошад, то таксир пазирад; ва ба ҳар мартаба, ки мутаназзил мешавад, мутакассир мегардад. Ва давоири мафрӯза дар ҳаҷми арш ҳамчу чаҳор унсур аст дар зери фалаки қамарӣ, ки арш дар ин мартаба ҳукми арз дорад" (А. Дониш. "Наводир-ул-вақоеъ", нусхаи дастнависи Ленинградӣ, шифр В-716, инв. 1935, № 124, саҳ. 132).
Чӣ хеле ки мебинем, дар ин порча калимаҳои арабии зиёде ба кор рафтаанд, ки боиси мушкилфаҳм шудани забони асар гардидаанд. Албатта, дар асоси ин як порча тамоми забони асарҳои А. Донишро мураккаб гуфта ҳукм кардан ҳам ба мақсад мувофиқ нест. Агар мавзӯи асар ҳаҷву танқид бошад, онгоҳ А. Дониш онро каме содда ва фаҳмо баён мекунад.
Баъди А. Дониш дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX як гурӯҳ нависандагону адибони дигар пайдо шуданд, ки ба содданависӣ моил буданд. Ба ин гурӯҳ Шоҳин, Возеҳ, Сомӣ, Асирӣ, Ҳайрат, Савдо, Мирзосироҷи Ҳаким, Садри Зиё ва Муҳаммадсодиқи Гулшаниро дохил кардан мумкин аст. Ин адибон аз як тараф, аз паи А. Дониш рафта бошанд, аз тарафи дигар, дар асарҳояшон луғатҳои халқии гуфтугӯиро беҳтар истеъмол карда тамоили услуби содданависиро тақвият доданд. Забони асарҳои ин адибон аз ҷиҳати тарзи ифода аз услуби анъанавии пешина як андоза фарқ пайдо кард. Ба маврид аст қайд намоем, ки забони асарҳои на ҳамаи онҳо ба услуби содда воқеъ шудааст ва на ҳамаи намудҳои жанри адабӣ беистисно дар ин масъала якрангӣ дошт. Асарҳое ҳам буданд, ки барои фаҳмидани онҳо хонанда ба воситаҳои ёрирасон, аз қабили луғату тафсирҳо мӯҳтоҷ мешуд. Бинобар он баъзе аз адибон барои ба муқобили услуби мураккаби душвор баромадан маҷбур буданд. Масалан, Мирзосироҷи Ҳаким дар муқаддимаи сафарномаи худ "Туҳафи аҳли Бухоро" дар ин хусус хеле хуб гуфтааст: "Он чи аз неку бад дар аснои ин сафар дида мулоҳиза кардаам, баъзеро ба тафсия дарҷи ин аврақ намуда, манзури назари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё