Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
ба забони халқ наздик намоянд.
Услуб ва тарзи баёни пешгирифтаи А. Дониш муборизаи зидди ҷараёни бедилизм буд. Дониш ба муқобили услуби Бедил дар ягон ҷои асараш чизе нагуфтааст, агар гуфта бошад ҳам, ба он маънӣ гуфтааст, ки аз тақлид кардан ба Бедил ҳар кас ҳам баромада наметавонад. Вай барои бо забони содда асар эҷод намудан танҳо замина гузошт ва пайравону шогирдони ӯ онро идома доданд, дар натиҷа забони насри тоҷик каме бошад ҳам, ба соддагӣ рӯ овард. Як гурӯҳ нависандагон аз зинати сухан ва тавсифҳои хушку холӣ ба баёни мақсаднок ва фаҳмо таваҷҷӯҳ мекардагӣ шуданд.
А. Дониш нисбат ба пешгузаштагонаш аз ҷиҳати услуби эҷод хеле пеш рафта бошад ҳам, вале дар масъалаи содданависӣ маҳдудияти таърихӣ ҳам дошт. Бо гуфти Н. Маъсумӣ "вобаста ба шароити таърихии ҳамонвақта, забон ва тарзи баёни А. Дониш бо андаке тағйироти сифатӣ асосан дар ҳолати забони насри классикӣ истодан гирифт ва дар истеъмоли калимаҳои арабӣ ба омма номафҳум ва кӯҳнашуда аз нормаи луғавии забони адабии пешина асосан берун набаромадааст"8.
Албатта кӯшишҳои ислоҳотпарварии А. Дониш доир ба забон бисёр барҷаста набошад ҳам, бо вуҷуди ин дар он замон як қадами ҷиддие ба пеш буд. А. Дониш дар навишт забони адабии давраро, ки хусусияти расмӣ, анъанавӣ дошт, асосан риоя кардааст9. Хизмати А. Дониш дар демократонидани забони адабӣ аз инҳо иборат буданд: вай маъниҳои баланди иҷтимоиро ба тарзи "равшантар аз моҳ" ба қалам дод, барои наздик овардани забони адабӣ ба забони омма то андозае майл намуд, кам бошад ҳам, калима ва таъбироти нави халқиро истифода кард, якчанд калимоти русиро ба забони адабӣ дохил намуд. Вале душворфаҳмии забони асарҳои А. Дониш ба мо имконият намедиҳанд, ки тарзи баёни ӯро соддаю оммафаҳм гӯем. Забони асарҳои вай барои хонандаи оддии замонаш ва имрӯза хеле душворфаҳм аст. Бо гуфти Р. Ғаффоров10 نوشتهҳои ӯро на фақат хонандагони оддӣ, балки онҳое ҳам, ки саводи олии филологӣ доранд, бе дидани китобҳои луғат ва таҳқиқ намудани вазифаи грамматикии шаклу воситаҳои алоҳида ба осонӣ сарфаҳм рафта наметавонанд. Ҳамин тавр, забони асарҳои А. Дониш аз забони адабии имрӯзаи мо фарқи хеле ҷиддӣ дорад ва забони имрӯзаи адабии мо аз забони А. Дониш ва ҳамзамононаш фарқи барҷастаи сифатӣ дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё