Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
онҳо вазифаи уламо аст, чунки эшон дар се анбиёанд. Бояд ки ҳазрати уламо дар як ҷо ҷамъ омада, усули таълими мактаб ва мадорисро бо машварат ислоҳ намоянд. Ба ислоҳи мактаб муаллими муқтадир, дар ҳар фан доираи рисолаҳо лозим аст, низ мактабро ба қоидаи ҳифзи сиҳҳат мувофиқ бино кардан лозим ва ба кушодани ин гуна мактабҳо аз инспектор рухсат хоста, дар синфи чаҳорум таълими забони русиро қабул кардан шарт аст".
Бо баробари ин дар матбуоти давр мақолаҳои илмӣ ва хабарҳое чоп мешуданд, ки забони онҳо нисбат ба хабарҳо ва мақолаҳои ғайри илмӣ мушкилтар буда, калима ва ибораҳои арабии зиёдеро дарбар мегирифтанд. Барои намуна порча аз "ҳаёт ва роли ҳаёт" ном мақола аз журнали "Оина", № 8, 1913, саҳ. 196 меоварем:
"Ҳаёт дар мазҳаби мутакаллимин: сифатест, ки иқтизои ҳиссу ҳаракат менамояд. Дар мазҳаби ҳукамои қадим: ҳолатест тобеи эътидоли мизоҷ навҷаи танбӯи ҳис ва идрок; дар назди ҳукамои аср ҳолатест, ки аз имтизоҷ ва иҷтимоъ хусул мепазирад, дар мазҳаби инҳо коинот иборат аз ҳаёт аст".
Буржуазияи маҳаллӣ низ манфиатдор буд, ки забони матбуоти давр фаҳмо бошад, зеро барои дар байни омма паҳн кардани идеяҳои миллатчигӣ, ҷорӣ намудани усули нави таълим, ислоҳот дар "тартиботи" амирӣ ва бо ҳамаи ин дар байни омма нуфуз пайдо карда мустаҳкам намудани мавқеи худ ба забони тоҷикии содда ва муносиби ҳоли оммаи мардум сухан гуфтан ва навиштан барои буржуазияи маҳаллӣ ҳам фоида дошт. Ҳамаи ин барои нисбатан содда ва осонфаҳм шудани забони адабии ибтидои асри XX бетаъсир монда наметавонист.
Бинобар он дар масалаи муносибат ба забон ва услуби содданависӣ дар қатори кӯшишу ҳаракатҳои халқпарваронаи равшанфикрони давр баъзе омилҳои дигари ҷамъиятиро низ ба назар гирифтан лозим аст. Дар ин ҷо ба масъалаҳои зерин эътибор доданро низ зарур мешуморем:
а) забон, ки ҳодисаи ҷамъиятист ва забони миллӣ шакли маданияти миллӣ аст, аз ин рӯ вай ҳам барои маданияти буржуазӣ хизмат карда метавонад ва ҳам барои маданияти социалистӣ.
б) матбуоти давр асосан ба дасти буржуазияи маҳаллӣ буд ва аз ин рӯ вай наметавонист аз ин масъала дар канор монад.
в) Буржуазияи маҳаллӣ танҳо барои манфиати худ матбуотро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё