Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
намуда дар халосии ман саъӣ дошт (с.156).
- Дар забони асар баъзе калимаҳо ҳастанд, ки ба ҷои пешояндҳо ва таркибҳои пешоянд омадаанд. Ба ин гуруҳ калимаи тавассуг дохил мешавад. Агар ба ҷои ин калима пешоянди ба воситаи гузошта шавад, мазмуни ибора ё ҷумла тағйир намеёбад: Вазорати Бухорои шариф ҳам шарҳе дар хусуси халосии ман тавассути ноиб-ул-ҳукума навишта ба Кобул фиристод (с.160). Тавассути мушорунилайҳ ба амирсоҳиб аризае ҳам дода иҷозаи ҳузури расиданро намуда буд (с.179). Як ариза падарам ҳам навишта тавассути кордорони пусти қарокӯлӣ фиристода буданд (с.160). Инҳо аз куҷо омада бошанд? тавассути онҳо дар Бухоро хат ҳам фиристодам (с.156).
Пешояндҳои дар тамоми, аз бобати низ дар асар барои ифодаи тағинот ва сабаб хизмат кардаанд: дар тамоми гумрукот балчиқҳо маъмуранд. Ва дар тамоми бандарот хаёли сохтани гурукхонаҳои ҷадид буданд (с.241). Аз бобати ҳосил ҳеҷ камӣ надорад (с.250).
Ҳамин тавр, дар забони «Туҳафи аҳли Бухоро» пешояндҳо бо баъзе хусусиятҳои худ аз пешояндҳои забони адабии ҳозира баъзан фарқ мекунанд. Сабаби ин фарқ ва ба ҷои якдигар кор фармуда шудани пешояндҳо дар забони насри ибтидои асри XX он аст, ки вазифаи баъзе пешояндҳо ба он дараҷае, ки дар забони адабии ҳозира муқаррар шудааст, ҳанӯз муайян набуд. Ин ҳолат дар забони асарҳои нависандагон, ки бо услуби фардии худ эҷод мекарданд, инъикос меёфт.
Вале ин гуна ҳодисаҳои забониро фақат хоси забони ин давр гуфтан чандон дуруст нест. Масалан, ба ҷои якдигар кор фармуда шудани пешояндҳо ва таркибҳои пешояндӣ дар забони адабии имрӯза ҳам дида намешавад.
Дар ин масъала ҳодисаҳои умумии маъмул ва ғайримаъмулро, ки ба нормаи забон дахл дорад, фарқ кардан лозим аст. Барои ин фактҳои забониро аз рӯи забони асарҳои ҷудогона бо муқоиса бо забони дигар асарҳо бо тамоми ҷузъиёташ аз назар гузаронидан лозим мешавад, то ки таърихи инкишоф ва такмили забон то андо- зае равшан инъикос ёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё