Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ХУЛОСА

Хусусияти фарқкунандаи забони адабии ибтидои асри ХХ, аз он ҷумла забони "Туҳафи аҳли Бухоро", аз забони адабӣ ва забони осори хаттии пешина дар он аст, ки забон ва тарзи баёни он нисбатан содда ва оммафаҳмтар гардида, то дараҷае ба забони зинда наздик шудааст.

Дар таркиби луғавии "Туҳафи аҳли Бухоро" фаровон кор фармуда шудани калимаҳои гуфтугӯӣ-халқии ифодакунандаи мафҳумҳои предметӣ, сифатӣ, феълӣ ва зарфӣ шоҳиди ба забони зинда муроҷиат намудани нависандаи он мебошад. Ба замими ин, протсесси ба забони тоҷикӣ дохилшавии калимаҳои русӣ назар ба охирҳои асри XIX инкишоф ёфта, сабаби бой шудани лексикаи забони ин давр гардидааст.

Дар як қатор осорҳои хаттии ин давр, алалхусус дар "Туҳафи аҳли Бухоро" ва монандӣ асарҳои муаллифони равшанфикр, калимаҳои таърихӣ, кӯҳна, ва арабӣ душворфаҳм нисбатан кам истифода шудаанд. Канистеъмолии калима ва терминҳои номафҳуми арабӣ нисбат ба осори насрии асрҳои гузашта ва серистеъмолии калимаю ибораҳои гуфтугӯӣ-халқӣ сабаби соддаву равонтар шудани таркиби луғавии забони адабии ин давра гардидаанд.

Таҳлили хусусиятҳои морфологии забони "Туҳафи аҳли Бухоро"-и мирзосироҷи ҳаким ва осори хаттии дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки забони адабии тоҷик дар ибтидои асри ХХ дар истифодаи шаклу воситаҳои морфологӣ ба истиснои баъзе дигаргуниҳо, асосан давоми анъанаҳои забони адабиёти классикии тоҷик мебошад ва бо забони адабии ҳозираи тоҷик умумият дорад.

Серистеъмолии суффикси ҷамъсози -ҳо дар исмҳои ҷондор, ғолибияти ҷамъбандии тоҷикӣ бар тарзи ҷамъбандии арабӣ, мувофиқати суффикҳои калимасоз ва шаклсоз бо забони адабии ҳозира, ифодаи категорияи номуайянӣ бо суффикси -е (як), ҷонишинҳои ҳеҷ, ягон ва кадом, ба тарзи мувозӣ истеъмол ёфтани суффикси номуайянии -е ва калимаҳои як, ягон ва ҳеҷ, аз тарафи нависанда тағйир додани қоидаи дар таркиби тавсифӣ бо муайянкунанда кор фармудани -е, фаровонии ҷонишинҳои моён-моҳо, шумоён-шумоҳо, серистеъмолии феълҳои ҳикоягӣ бо префикси -не ва зиёд будани шаклҳои нақлии феъл, феълҳои таркибӣ, инчунин феъли ёридиҳандаи истодан, дар шакли гуфтугӯй кор фармудани як қатор

пешина
аз 159
навбатӣ