Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба ҷуз-ро ба ҷои пешояндҳои арабӣ истифода намудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки нависанда дар бобати дар сохти синтаксисӣ истифода кардани пешояндҳо нисбат ба забони адабии давр ба забони зиндаи гуфтугӯӣ такя кардааст ва ин қобили қайд аст.

Дар забони насри пешазреволюсионӣ назар ба забони адабии ҳозираи тоҷик ба ҷои якдигар истифода шудани пешояндҳо бештар дида мешавад. Чунки дар забони адабии ҳозираи тоҷик вазифаи пешояндҳо то як дараҷа муайян карда шудаанд. Дар забони адабӣ ва насри классикии ибтидои асри XX дар истеъмоли як қисм пешояндҳо ҳолати умумиистеъмолӣ ва муштаракӣ мушоҳида карда мешавад.

Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" ҳам бисёр пешояндҳо ба ғайр аз вазифаи ба мавқеи асосии истеъмолии худ боз ба ҷои якдигар кор фармуда шуда, тобиши маъноии дигар ҳам пайдо кардаанд.

  1. Пешоянди ба ба ҷои дар. Дар бисёр ҳолатҳо пешоянди ба ба ҷои дар кор фармуда шудааст. Дар ин сурат пешоянди ба тобиши маъноии дигар пайдо мекунад ва вазифаи дар-ро иҷро мекунад: Савганд мехӯрам, ки ба дунё биҳишт нест (с.79). Як шаб ба роҳ буда субҳ вақти чошт дохили шаҳри Порс шудам (с.78). Аз Ҳирот то Кобул сию се рӯз ба роҳ будем (с.149). Як шаби дигар ба роҳ хобида вақти зӯҳр расидем (с.141). Ағлаби онон ба Эрон ҳанӯз ҳастанд (с.149). Ду шаб ба роҳ хобида рӯзи сеюм вориди Нишопур гардидем (с.123). Китобҳое, ки ба китобхонаи Лундун дидам, дар ҳеҷ як китобхонаҳои Фарангистон надида будам (с.95).

  2. Пешоянди дар ба ҷои ба. Пешоянди дар ғайр аз вазифаи аслии худ ба вазифаи пешоянди ба барои ифодаи сӯи амал, макон кор фармуда шудааст: Дӯсти онҳо дар Бухоро хат ҳам фиристод (с.156). Чизи мардумро аз дасташон гирифта ҳар кадомро дар мехе овезон мекарданд (с.66).

Қайд кардан лозим аст, ки дар асарҳои классикони адабиёти тоҷик ва дар "Туҳафи аҳли Бухоро" ҳам пешоянди дар илова ба вазифаҳои дигараш ба вазифаи сӯи ҳаракати предмет низ истифода бурда шудааст.

  1. Пешоянди ба ба ҷои барои: Бекчаи он ҷо, ки аз тарафи ҳукумати Шеробод дар он ҷо ноиб-ул-ҳукума буд, бандаро омада дида ба манзили худам ба наб заъдагӣ гирифт (с.189).

  2. Пешоянди аз ба ҷои ба: мушорунилайҳ аз банда ҳамроҳӣ

пешина
аз 159
навбатӣ