Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
С.Айнӣ ва ҳам дар насри классикӣ бо вазифаю моҳияти худ ҳамчун муродифи пешоянди барои хизмат мекард"39.
Нависанда баробари ҷиҳати пешоянди барои-ро низ истеъмол намудааст. Вале дар асар пешоянди барои назар ба пешоянди ҷиҳати камистеъмол аст. Пешоянди барои, инчунин бо пешоянди аз дар таркиб истифода карда шудааст: Бандаро Ҳоҷимираҳмади Бухорой соҳиби Қаротеппа аз барои маризи худ дар Қаротеппа моли саворӣ фиристода, хоста буд (с.323).
Бояд гуфт, ки пешоянди ҷиҳати дар осори Аҳмади Дониш низ серистеъмол аст: Шамшер барои он ки барои султон зар биҷӯяд, тозиёна ҷиҳати он ки ба султон зану духтар надиҳанд (А.Дониш.
Рисола ва ё худ мухтасари таърихи амирони манғития с.103).
Пешояндҳои ба муҷарради ва аз касрати низ дар асар истифода шуданд. Ин пешояндҳои таркибии номии изофӣ хоси насри классикӣ мебошанд ва ҳамзамон бо Мирзосироҷ дар асарҳои Садри Зиё низ дучор мешаванд. Мисолҳо: Банда ҳам ба муҷарради шунидани ин хабар равонаи шаҳр шудам (с.323). Ба муҷарради телеграфи машрута расидан тамоми Астаробод ҷашн гирифта, аз шодӣ туфанг холӣ мекарданд (с.319). Ғарази бандаро ба муҷарради дидан донист...(с.238).
Ба муҷарради ин ба ҳазрати забон муқобил шавад ("Наводири Зиёия")..., саҳ. 167).
Хусусияти хоси ин пешоянд дар он аст, ки вай дар асари Мирзосироҷ бештар бо масдар - феъл дар як таркиб омадааст. Пешоянди аз касрати: Ин пешоянд хеле камистеъмол аст: Аз касрати гармӣ даву тоз мекарданд (с.99).
Нависанда пешоянди арабии маа-ро дар асар як маротиба истифода намудааст: Банда арлаб аъёми бекорӣ маа руфақои худ мерафтам (с.254). Дар ин ҷумла пешоянди маа ба ҷои бо омада муносибати ҳамроҳиро ифода намудааст. Ин пешоянд дар асарҳои Садри Зиё ҳам хеле камистеъмол аст. Танҳо дар ду ҷумла истифодаи онро дучор гардидем: Доранда Муҳаммадхоҷа аз хоссони мост, бояд, ки кӯпке... маа асбобу анчом ...дода шавад ("Наводири Зиёия", с.203).
Забоншинос Р.Ғаффоров дар асараш қайд мекунад, ки А.Дониш дар "Рисола..." пешояндҳои арабии маа, иллоро ба ҷои параллелҳои тоҷикиашон - пешояндҳои бо, ғайри, ғайр аз фаровон ба кор бурдааст.
Мирзосироҷ бошад, бештар пешояндҳои бо, ғайри, ғайр аз...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё