Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
роҳи омадагӣ (с.140), молиёти омадагӣ ва маҳбусини расидагӣ (с.152) ва монандӣ инҳо.
Қайд кардан лозим аст, ки дар қатори сифатҳои феълии бо суффикси -гӣ аз феълҳои гуногун (будагӣ, шудагӣ, омадагӣ, дош-тагӣ, расидагӣ ва ғ.) сохташуда бо феъли ёридиҳандаи истодан таркибефта низ баъзан вомехӯрад. Ин шаҳодат медиҳад, ки дар ибтидои асри ХХ дар забон феъли истодан на фақат ҳамчун феъли ёридиҳанда серистеъмол мегардад, балки дар таркиби забони асар-ҳо ба вазифаи сифати феълӣ ҳам кор фармуда мешавад: Аз канор то ҷои пароходи ҷангии истодагӣ ба қадри як вирст камтар роҳ буд (с.336).
Дар асар на фақат сифатҳои феълии замони гузашта, балки сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда низ кор фармуда шудаанд. Дар ин тип сифатҳои феълӣ роли префикси-ме хеле калон аст ва саба-би ба сифати феълии замони ҳозира-оянда баргаштани онҳо ҳам ба ин префикс вобаста аст. Сифатҳои феълии замони ҳозира-оянда мо-нанди сифатҳои феълии замони гузашта дар забони асар ба вазифаи муайянкунанда кор фармуда шудаанд. Ин шакл дар таркиби ибораҳои исий, ки ҷузъи тобеашон сифати феълист, серистеъмол мебошад: Беҳтари мадрасаҳои он ҷо миллӣ ва давлатӣ буд, маҳориҷи он аз тарафи давлат ва миллат буда, ба одами таҳсил некардагӣ диноре харҷ надошт (с.89). Як кӯмандири болои пароходҳо нигоҳ мекарде-гӣ ҳам ҳаст (с.243). ...кордорони дилаш мехостагиро муқаррар намуда ба ҳар кадом дастури махфӣ дод (с.295). Оби мехӯрдагии аҳли Қӯмуштеппаро ҳам аз хоҷанафас бо бӯчка ва чалак мебаранд (с.228). Ҷо илтимосҳат ба ашхоси диламо пур мешудагӣ медиҳем (с.48). Сноне, ки ба ҳузури худи амир мерафтагӣ бошанд, дар ру-зи дарбор... (с.152).
Сифатҳои феълӣ аз масдар бо суффикси -ӣ сохташаванда, яъне сифати феълии замони оянда дар забони «Туҳафи аҳли Бухоро» танҳо дар 3-4 мисол дучор гардид. Сифати феълии замони оянда амали дар оянда воқеъ мешудагиро ифода мекунад: Соири ҷоҳои тамошо кардани чи дар шаҳр, чи дар беруни шаҳр буд, ҳамаро пиёда ва савора рафта дидем (с.166). Субҳ аз хоб бархоста ба тамошои манораи порс рафтам, ки яке аз биноҳои диданӣ буд (с.85). Банда як ҳафта дар масказ буда, баъзе ҷоҳои тамошо ва саёҳат кардании шаҳри мазкурро дида бо чанд идораҷот, ки сару кор доштам, рафта дида, равонаи Бухоро гардидам (с.122). Банда ҳамагӣ шаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё