Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Префикси -ме аз ҷиҳати тарзи истифодабарӣ ба забони адабии ҳозираи тоҷик мувофиқати пурра дорад.

Дар бобати пайдоиши префикси -ме таваққуф намуданро зарур надонистем, зеро дар ин хусус бисёри забоншиносон дар корҳои илмии худ фикрҳо изҳор кардаанд, ки ба ҳам мувофиқат мекунанд.

Дар "Туҳафи аҳли Бухоро" нависанда префикси -ме-ро дар асосҳои замони ҳозира-ояндаи феъл, дар феълҳои замони гузашта ва шаклҳои нақлии феъл истифода кардааст: Аз яке дар шаб дарс мехонам (с. 139). Занҳои хушовоз бо нолаҳои дилхарош мехонданд ва медаксиданд (с. 66). Даста-даста мардум дар он ҷо неомаданд ва мерафтанд (с. 78). Ҳар тоифа аз худ хоне дошта, ҳама вақт тохту тоз мекарданд (с. 148). Зану марди бисёр аз шаҳр дар рӯзҳои муайян мерафтаанд (с. 53).

Префикси -ме дар сифати феълии замони гузаштаи шакли дуюм ҳамроҳ шуда, ба он маънои тахминӣ бахшидааст: кори шудагӣ - ко-ри мешудагӣ. Префикси -ме дар феъли асоси замони гузаштаи шуд, ки дар ин шакл фармоишро ҳам дорад, ҳамроҳ шуда ба феъл маънои тахминиро додааст: Арзи он ҳам сад газ мешуд (с. 72).

  1. Префиксуои инкории -на, -но ва -ма. Вазифаи ин префиксҳо ба феъл додани маънои инкор аст. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик танҳо ду ҳиссачаи инкорӣ вуҷуд дорад, ки яке сер истеъмол, дигаре камистеъмол мебошад. Ҳиссачаи -ма бештар дар назм кор фармуда мешавад.

Ҳиссачаи -но дар асар танҳо дар ду феъл истеъмол карда шудааст. Аз ҷиҳати вазифаи иҷро мекардагиашон ҳиссачаҳои дар за-бони асар буда бо ҳиссачаҳои забони адабии ҳозираи тоҷик мувофиқати пурра доранд.

Ҳиссачаи -на бо асоси феълҳои замони гузашта, замони ҳози-ра-оянда, сираи амр ва дар феълҳои сохта бештар дар аввал, гоҳо пас аз префикси феълсоз меояд: Онҳо дигар тоифаро мусулмонон намедонистанд (с. 204). Дигар ба ҷое наистода омадем Исфаҳон (с. 257).

Ҳиссачаи -ма дар сираи амр кор фармуда шуда, танҳо дар 2-3 феъл дучор гардид. Аз ҷиҳати вазифа ҳиссачаи -ма ба ҳиссачаи -на баробар аст. Фарқ дар он аст, ки ҳиссачаи на- дар назму наср баробар кор фармуда шуда, аммо ҳиссачаи ма- бо феъл бештар дар назм истифода мешавад: Ғусса махӯред, ки ёри бекасон худо аст (с. 147). Хостам баргардам, ҳаммончӣ гуфт: бубахшед, айб мафармоед.

пешина
аз 159
навбатӣ