Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

ки бӯи мабрази ҳаммом аст (с. 118).

Ҳамин тариқа, дар забони асар префикс ва ҳиссачаҳои маъмули забони адабии тоҷик дида мешаванд, ки дар калимасозии феъл ҳамчун анъана аз қадим боз истифода шудаанд. Ин префикс ва ҳиссачаҳои феълӣ мувофиқи семантика ва вазифаи худашон ба феълҳо маъноҳои нав дода, ифоданокӣ ва обуранги бадеии онҳоро пурқувват намудаанд. Ҳамин гуна хусусияти ин гурӯҳи унсурҳои морфологӣ-лексикӣи забони тоҷикиро дар забони асари Мирзосироҷ низ мушоҳида кардан мумкин аст.

СИФАТИ ФЕЪЛӢ

Дар забони «Туҳафи аҳли Бухоро» истифода шудани сифати феълӣ баъзе хусусиятҳои диққатҷалбкунандае дорад. Масалан, дар забони адабӣ то аввали асри XX кор фармуда шудани сифати феълӣ бо суффикси -гӣ характери умумӣ надошт, ҳатто дар насри Аҳмади Дониш ҳам ин шакли сифати феълӣ бештар аз 2-3 бор истифода нашудааст.

Фактҳои гирдовардшуда имконият медиҳанд, ки доир ба ин категорияи грамматикӣ баъзе мулоҳизаҳои худро баён намоем. Алалҳусус:

а) ба забони адабии ин давр бештар дохил гардидани сифати феълӣ бо суффикси -гӣ мушоҳида мешавад;

б) мавқеи истеъмоли сифати феълӣ бо суффикси -а, -гӣ, -нӣ ва -гор нисбат ба забони давраҳои пеш васеътар мегардад;

в) ин ҳолат барои дар оянда инкишоф ёфтани ибораҳои исмӣ, ки ҷузъи тобеаш сифати феълӣ мебошанд, ҳартарафа мусоидат мекунад.

Маълум аст, ки сифати феълии шакли якуми замони гузашта, яъне бо суффикси -а сохташаванда, дар забони тоҷикӣ аз замонҳои қадим вуҷуд дорад ва дар забони адабии ҳозираи тоҷик серистеъмол аст. Дар забони «Туҳафи аҳли Бухоро» ин шакл низ кор фармуда шудааст: Банда ҳам воқеаи ҷударо ба қӯнсули рус арз кардан (с. 333). Русони тоза омада ононро тасарруф намуда буданд (с. 15).

Дар "Наводири Зиёия" ҳан ин шакл гарчи камистеъмол аст, дида мешавад: Маблағи аҳзшударо ба замини сарупо дода... Мурғу каб-ки бирёнкарда дошт (с. 63). Аз истансаи Қогон хати покет карда-шударо аз тарафи элчӣ оварда ба вазоратпаноҳ дод (с. 340).

пешина
аз 159
навбатӣ