Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
онон асби саворию худро додам (с. 140). Аз пароход фаромада ба яке аз меҳмонхонаҳо манзил намудам (с. 244).
-
Префикси -фурӯ- камистеъмол аст. Аз ҷиҳати вазифааш ба маънои префикси -ап дар забони адабии ҳозираи тоҷик мувофиқат мекунад. Ин префикс дар забони адабии ҳозираи тоҷик назар ба варианти он фуруд- серистеъмол аст.
-
Префикси би- (бу-). Префикси мазкур аз серистеъмолтарин префиксуҳои забони асар ба ҳисоб меравад. Нисбат ба насри забони адабии ҳозираи тоҷик префикси би- (бу-) дар насри ибтидои асри ХХ фаровон кор фармуда шудааст. Дар забони адабиёти классикӣ низ серистеъмол буд. Префикси би- дар феълҳо ба маънои қатъияти иҷрои амал далолат мекунад, ки ин маъно хусусан дар феълҳои фармоиш равшан мушоҳида карда мешавад. Муаллиф префикси би-ро дар аксари замонҳои феълӣ истеъмол намудааст.
а) дар шакли замони гузашта: бигуфтам, бихондам, бимонд ва монанд инҳо;
б) дар шакли замони ҳозира (дар ин замон серистеъмол аст): бикаш, бигир, бирав, биҳез.
в) дар шакли аорист: биравад, бикунад, бидиҳад, бимонад.
Префикси би- назар ба дигар префиксуҳои феълӣ зиёдтар кор фармуда шудааст. Ин низ сабаб дорад. Дар забони классикӣ префикси мазкур серистеъмол буд. "Туҳафи аҳли Бухоро", ки дар аввали асри ХХ ба табъ расидааст, дар таъсири насри классикӣ ва дар анъанаи забони китобӣ ин префиксиро дар феълҳо бисёр кор фармудааст.
Дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" префикси би- аз ҷиҳати вазифаи иҷро мекардагиаш, бо он вазифаҳое, ки дар забони адабии ҳозираи тоҷик дорад, асосан мувофиқат мекунад. Фарқ дар забони асар танҳо дар серистеъмолии ин префикс аст. Қайд кардан лозим аст, ки ба ҷои префикси -би истифода шудани префикси -бу дар шеваҳои шимолӣ: Конибодом, Ленинобод, Исфара мушоҳида мешавад.
Префикси мазкур дар шакли сиғаи амр ва дар шакли аорист истеъмол ёфтааст: Ба корҳои худ бупардоз (с. 92). Бубинед, ки илму сарват кори миллати Аврупоро ба куҷо расонида (с. 90). Натавонистанд, ки коре аз пеш бубаранд (с. 199). Бояд арзу доди тарафайпро ин ду комиссар бипурсад (с. 221).
Шакли -би ва -бу дар нутқи муаллиф баробар истеъмол гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё