Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
III "Ба назари мо, - мегӯяд Р. Ғаффоров, - олимоне, ки ба аломати номуайянии исмҳо ғайр аз -е, -як, -ягон калимаҳои ҳеҷ ва кадомро дохил мекунанд, ақидаи дурустро пеш гирифтаанд. Албатта ҳамаи ин воситаҳо дар забони адабӣ ҳуқуқи граждании пурра пайдо накардаанд. Масалан, агар -е ва -як дар забони имрӯзаи адабӣ қариб бе тафовут кор фармуда шаванд, калимаҳои ягон, ҳеҷ, кадом нисбатан кам кор фармуда мешавад"15.
Ш. Рустамов назар ба дигар тадқиқотчиён ин масъаларо боз ҳам чуқуртар омӯхта, ду вазифаи артикли -е-ро нишон медиҳад ва онро бо -е1 ва -е2 аз ҳам ҷудо мекунад. Ғайр аз ин Ш. Рустамов калимаи ким-кадомро ба артикли -е1 муродиф мешуморад. Умуман тадқиқоти Ш. Рустамов дар ин бобат ҷолиби диққат буда, хулосаи ӯ "дар забони адабии тоҷик -е омоморфема буда, дар ҳама ҷо артикл ба шумор намемерад"16 асоси илмӣ дорад.
Дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" категорияи номуайянии исм бо суффикси -е ва калимаҳои як, ягон, ҳеҷ ифода шудааст.
Суффикси -е-ро эроншиносон -ё-и ваҳдат номидаанд. Баромади ин аз калимаи форсияи қадимии айва -як аст. Ин калима бо артикли номуайянии забони немисӣ (ein, eine) ва забони англисӣ (a, an) баробар шуда метавонад.
Шумораи айва дар забони форсияи қадим бо исмҳо омада ба онҳо маънои танҳои ва номуайянӣ додааст. Масалан, дар мисоли ҳшатҷияи айва маънои як (е ки кадом) шоҳро ифода кардааст. Баъд ин калима оҳиста-оҳиста дар забони дари дар шакли -е (е) кор фармуда шуда, мазмуни худро нигоҳ доштааст:
Дилбар он нест, ки мӯяш миёна дорад, Бандаи талъати он бош ки оне дорад.
(Ҳофиз) Тавонгари бахилеро писаре ранҷур буд (Саъдӣ).
Дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" суффикси номуайянии -е хеле фаровон истеъмол шудааст. Ин суффикс бо исм омада, номуайяниро ифода мекунад: Одаме буд (с.116). Истеҳкоме надорад (с. 165). Банда ҳеҷ фикру хаёле надоштам (с.132).
Аломати номуайянии -е асосан дар нутқи муаллиф кор фармуда шудааст. Суффикси номуайянии -е дар забони ҳозираи тоҷик аз забони классикӣ танҳо дар таркибҳои изофӣ фарқ мекунад.
Дар адабиёти пеш аз революсионӣ ва назми пас аз революсионӣ суффикси номуайянии -е баъзан бо муайяншаванда омадааст. шаклҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё