Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа
одаме хуб, марде нек, коре бузург дар адабиёти классикӣ серистеъмол буда, аммо дар забони адабии ҳозираи тоҷик ин тарзи ифода дигар шудааст. Дар забони "Туҳафи аҳли Бухоро" шаклҳои мазкур дучор нагардиданд. Дар асар ба ҷои шаклҳои одаме хуб, марде нек, коре бузург шакли бо бандаки изофӣ ивазшудаи он истифода шудааст ва ин қоидаи умумӣ мебошад: одами хуб, марди нек ва ғ.
Мирзосироҷи Ҳаким дар асараш дар ифодаи номуайянии беробари -е калимаи як-ро истифода бурдааст, ки дар ин маврид ҳиссачаи як ҷои -е-ро гирифта вазифаи номуайяниро иҷро намудааст: як моҳ (моҳе) бо тартиботи корҳои худ истиқлол дошта, дар Бухоро будам (с.113). Дар як самт як боғи қадиме ҳам буд (с.121). Дар самте боғи қадиме ҳам буд. Як тазкира (тазкирае) доранд, ки рӯи он як тамбри (маркаи) сездаҳқиронӣ дошт (с.116). Як шаб хобидам (с.136). (шабе хобидам).
Калимаи як баъзан барои ифодаи маънои ягонагӣ истеъмол шудааст: як рудхонаи бисёр бузурге аз миёни шаҳри мазкур мегузарад (с.107). Фақат як раиси гамарук он ҷо бад одаме набуд (с.116).
Дар асар ҳодисаи бо як исми омадани ду аломати номуайянии -як ва -е низ бисёр дида мешавад:
Чун медидам, ки тамоми бандиҳо ҳар кадоми ба як коре машғул мебошанд... (с.157). Шукри Худоро, ки дар он наздикӣ як корвонсарое будааст (с.236). Ӯ бо либоси ғайрирасмӣ ба шакли як муллое берун омад (с.162). Мунтазири вақт буданд, ки коре карда як балое ба сари банда биёверанд (с.127). Ҳар кадом як дӯхне аз худи дари бандихона доранд (с.152).
Ҳиссачаи ягон дар ифодаи номуайянӣ танҳо дар 2 ҷумла кор фармуда шудааст, ки яке ба таври мувозӣ (ҳам ҳиссачаи ягон ва ҳам исм бо суффикси -е) истеъмол ёфтааст: Ё он ки бо ягон ҳисобе дорад (с.33). Ман ҳам мисли соир маҳбусин ягон касбро пеша кунам (с.157).
Дар ифодаи категорияи номуайянии исм ҷонишини инкории ҳеҷ низ истифода шудааст. Агар дар ҷумла ҷонишини инкории ҳеҷ ояд, албатта феъли он ҷумла дар шакли инкор ё манфӣ истеъмол мегардад: ҳеҷ бинои дуруст ва истеҳкоме надорад (с.116). Он шаб ҳеҷ асбоби ҳисине дар он ҷо надошт (с.237). Дар як ҷумла мувозӣ кор фармуда шудани ҷонишини инкории ҳеҷ ва суффикси номуайянии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё