Зеҳн
Забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX

Китоб ба омӯзиши хусусиятҳои лексикӣ ва морфологии забони адабии тоҷик дар ибтидои асри XX бахшида шудааст. Дар он маводи асари «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким таҳлил гардида, хусусиятҳои фарқкунандаи забони он давр бо забони адабии имрӯза муқоиса шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 159 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

нисбат ба % !

Суффикси -ҳо бо калимаҳои русӣ- ! 5,9 %
интернационалӣ нисбат ба %. !

Суффикси -ҳо бо исмҳои беҷон ! 83.%
нисбат ба % !

Суффикси -он (-гон, -ён, -вон) !
ҷамъ: 703 ! 21.2 %

Суффикси -он нисбат ба % ! 28,9 %

Суффикси -ён нисбат ба % ! 12.9 %

Суффикси -гон нисбат ба % ! 3,8 %

ҷамъбандии арабӣ ҷамъ: 339 ! 10.7 %

Суффикси -от нисбат ба % ! 27,1 %

Суффикси -ин нисбат ба % ! 27,4 %

Суффикси -ҷот нисбат ба % ! 10,6 %

ҷамъбандии шикаста нисбат ба % ! 34,9 %

Ифодаи категорияи номуайянӣ

Масъалаи ифодаи категорияи номуайянӣ дар асарҳои илмӣ ва корҳои диссертатсионии солҳои охир, хусусан, дар асарҳои илмии Н. Маъсумӣ, Ш. Рустамов ва монографияи Р. Ғаффоров ("Забон ва услуби "Одамони ҷовид"-и Р. Ҷалил") муфассал мавриди тадқиқ қарор гирифтааст.

С. Ниёзӣ оид ба категорияи номуайянӣ чунин менависад: "Номуайянӣ дар исм ба воситаи суффикси -е ифода мегардад, инчунин номуайянӣ ва ягонагӣ (зиёдтар дар нутқи гуфтугӯӣ) бо овардани шумораи як ифода мегардад"13.

Баъзе муаллифон баробари нишон додани суффикси номуайянии -е ва шумораи як дар ифодаи категорияи номуайянӣ калимаи кадом-ро низ ҳамроҳ намудаанд14. Дар "Очеркҳо..." ва "Забон ва услуби "Одамони ҷовид"-и Р. Ҷалил" муаллифон ғайр аз суффикси -е ва калимаи -як дар ифодаи номуайянӣ боз калимаҳои ягон, ҳеҷ ва кадомро дохил кардаанд.

пешина
аз 159
навбатӣ