Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Дирӯз тафтиш накарда, напурсида ва насанҷида бурда буд. Алексей хатои рафиқашро ислоҳ кардааст. Йигити асил аст Новиков. Ҳатто аз оҳанги гуфтораш пай намебарӣ, ки касе саҳв кардаасту вай ислоҳ.
Дар бозгашт дар ӯтоқи шамолраси мошин дар болои қуттиҳо ва тӯдаҳои сим менишастанд. Дар баромадгоҳи шаҳр Алексей мошинро нигоҳ дошта, ба нонвойхона давида рафт ва як даста нони гарм овард. Мошин боз ба роҳ даромад. Саидбек аз ваҷоҳати рафиқаш медид, ки чизе гуфтанист, аммо ғурроси мотор, шуввоси бод ва таконҳои роҳ хавосашро парешон мекард. Зоҳиран, чизе гуфтанист, ки муҳити осоишта металабад.
Ба ҷои кори бригада тамом наздик расида буданд, ки Новиков боз боми кабинаро тақ-тақ зада, мошинро аз роҳ дошт. Дӯта нони ҳанӯз гармро ба даст гирифта, боқимондаашро ба Нур бидод, ки барои рафиқон бубарад ва Саидбекро аз ӯтоқи мошин фароварда, ба пастхамии соҳили наҳр, ба сӯи харсангҳои зери сояи сияҳбед ҳидоят намуд. Вай ин корро аз ин пеш ҳам дар дигар ҷоҳои соҳили дарё чандин маротиба карда буд: ба об тар карда хӯрдани нони гарми нонвойхонаро бағоят дӯст медошт.
Онҳо пиҷакҳои корпӯшакашонро бароварда, бар болои санги калони кулӯла партофтанд ва рӯ ба рӯи ҳамдигар нишастанд. Мавҷҳои канории наҳр аз мобайни сангҳо шалаппосзанон мегузаштанд.
– Нон дар ҳама ҷо ширин аст. Азиз ва мӯътабар, – гуфт Алексей луқмаи аввали нони тар кардаашро бо ҳаловат фурӯ бурда. – Лекин нони тоҷикон аз ҳама ширинтар. Чӣ гуфтӣ?
Ӯро одате буд, ки ҳусни табиати Тоҷикистон ва мардуми онро, баъзан ҳатто ҷузъиёти гуногуни ҳаёти миллӣ, хусусан деҳотиёнро таъриф мекард. Саидбек аз ин кори рафиқаш ботинан хурсанд мешуд ва дар навбати худ мекӯшид, ки табиӣ будани ҳамаи ин чизҳои дилписандро таъкид кунад, мавридаш бошад, ҷавобан ба хушгӯиҳои рафиқаш урфу одати русҳо, дигар ҳалқҳоро таъриф мекард. Он рӯз ҳам ба ҳамон оҳанг ҷавоб гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё