Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Пасфардо равоқи калон ҳам тайёр бошад. Комиссия меояд, – гапро тамом кард Давид Салимич ва бо оҳанги таҳдоре илова намуд: – Агар хоҳед, ки дар пеши калонҳо сарпасту забонкӯтаҳ нашавем.
Саидбек ба васлгарони бригадааш гуфтугӯро бо сардор арз намуд. Ҳама хомӯш меистоданд. Саидбек ба рӯи Алексей, беҳтарин васлгари бригада саволомез чашм дӯхт, ки «ту чӣ мегӯӣ?»
– Фармон ҳамту бошад, чӣ илоҷ? – китф дарҳам кашида гуфт Алексей. – Таваккал гуфта мебароем.
Саидбек дар андоми рафиқи бебоки ҳунармандаш ҳеҷ гоҳ аломати дудилагӣ надида буд. Одами дудиларо ба кори мушкил аз фиристодан нафиристодан беҳтар аст. Ин амри маъруфест.
– Худам мебароям, – гуфт Саидбек.
Новиков аз оринҷи ӯ маҳкам дошта, роҳ намедод, аммо Саидбек тасмаи ҳалқаю занҷирадори васлгаронро чобукона ба миён баст, занҷири зулфиндорро, ки одатан барои эҳтиёт ба яке аз симҳо овезон мекунанд, бо диққат аз назар гузаронид. «Дар кор бо Алексей ҳар ду баробарем, ба худ меандешид Саидбек. Лекин модоме дар ҷамъомади назди сардор ақидаи дурусти худро гузаронида натавонистам, азоби корро ҳам бояд худам ба зимма бардорам... »
Як соати аввал кор ҳамвор мерафт. Рафиқонаш аз поён нӯги симро ба дунболи булдозер баста мекашиданд, вай ба гузаштани сим аз миёни ғарғара кӯмак мекард ва пас аз таранг шудани сим онро ба ҳалқаҳои изолятор печонида мебаст.
Ногоҳ Саидбек пай бурд, ки қатраҳои борон дар пеши назараш ба сим расида, дигар ба поён намешоранд, балки андак-андак ба яхча табдил меёбанд, баръало дид, ки сим дар пеши назараш тадриҷан ғафс мешуд, гӯё ҷомаи шаффофи шишагун мепӯшид. «Ҳамин ҳалқаро ҳам бандам, бас, кифоя, дар дилаш аҳд кард ӯ, сонӣ мефароям, бигузор ки... »
ва ҳанӯз андешаи худро ба анҷом нарасонида, аввал дасти рост, баъд пои чапаш дар рӯи сими шӯшабаста лағжиду ӯ сарнагун афтод ва ба занҷири эҳтиёти камарбандаш овезон шуд.

пешина
аз 248
навбатӣ