Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бакуллӣ фаромӯш кардааст, ки Давид Салимич баҳорон низ ӯро ба вартаи хатарноке тела дода буд. Ва он дафъа ҳам айнан бо мадади ҳамон шиоре, ки нафъи кори умумро бояд муқаддам донист.
Дар ҷамъомади сардорони бригадаҳо фармуд, ки Саидбек симкаширо дар қитъаи худаш зудтар ба анҷом бирасонад. Саидбек барои иззаташ аз ҷой бархоста, арз намуд, ки кори бригадааш аз нақша, яъне ки аз график ҳам пеш рафтааст. Симро кашида ба пояҳо устувор кардаанд. Фақат як равоқи калони ҳаштсадметра мондааст. Ҳамин ки обу ҳаво беҳтар шуд, сими онро дар як рӯз мекашанд. Равоқи бузургро васлгарон равоқи махсус меноманд ва аз рӯи нақшаи махсус месозанд ва корҳои оид ба онро фақат дар шароити комилан мусоид анҷом медиҳанд.
– Ҳаво кай беҳтар мешудааст? – писхандомез савол дод Давид Салимич.
– Аз фардо ҳарорат баландтар мешудааст. Худатон шунидед.
– Лекин охир ҳозир, баҳор-ку...
– Дуруст, баҳор, аммо пешгӯиҳои ҳавошиносон ҳам акнун эътимодбахш шудааст, – боз эътироз намуд Саидбек.
– Яъне ба планҳои мо мувофиқ шудааст? – пичинг партофт Давид Салимич.
– Кори равоқи калон мураккаб. Ба шитоб кардан ҳам ҳоҷате нест. Мо дар рӯи замин кори бисёре дорем. Бригада бекор мемонд, гапи дигар буд.
– Ман гуфтам, ки сим кашида шавад, – сахт карда гуфт сардор. – Ба муҳокимаю мунозира одат накунед, оқибаташ хуб нест.
Саидбек дигар чизе нагуфт. Нагуфт, ки дар ҳавои хунук зери борон сим кашида намешавад. Дар кӯҳсор ҳар соат, ҳатто дар зарфи як соат ду-се бор ҳаво пасту баланд мешавад. Борони ба сим расида мабодо яхча бандад, фалокате метавонад рух диҳад. Ин гапро нагуфт, зеро ба гуфтан эҳтиёҷе набуд. Ҳама, охир, мутахассисонанд, аз ҳамаи нозукиҳои кор ва аз ҷумла аз қоидаҳои ҳатмии бехатарии кор низ хуб огоҳанд.

пешина
аз 248
навбатӣ