Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ғиреве бархост аз поён. Пас ҳама баногоҳ хомӯш гардиданд. Алексей ва як нафари дигар ба сӯи пояи оҳанин давиданд то болотар баромада, ба наздиктари Саидбек бирасанд ва ҳеҷ набошад бо маслиҳат ё ақаллан бо қаробати худ ба дилаш мадоре бахшанд. Дигарон нафас ба дарун кашида, назора мекарданд, ки сардор чӣ кор мекунад. Чораи дигар ҳам набуд. Хосияти кори васлгарон ҳамин. Дар ин гуна лаҳзаҳо барои халосии чонат пеш аз ҳама худат талош мекунӣ. Ва он ҳам агар ҳушу ёдат дар ҷояш бошад, ҳангоми ба занҷира барафтодани вазн миёнат лат нахӯрда бошад.
Кӯмаки вертолёт ё нардбонҳои нимавтомат ҳоло фақат дар нақшаҳо вуҷуд дорад. Ё дар хаёли рангини васлгарони ҷавон.
Саидбек занҷирро дошта-дошта, болотар баромад, симеро ки пештар дар зери пояш буд, бо ду даст фишурда, дар ҳамин ҳолат овезон монд. Ӯро даме нафас рост кардан лозим буд, чунки аз шиддати изтироб ва дар натиҷаи чанд лаҳза сарозер овезон будан хун ба сараш зада, пеши чашмонаш курачаҳои сурху сиёҳ мерақсиданд. Вай сонитар нақл мекард, ки сахт тарсида буд. Воқеан агар касе аз наздиктар нигоҳаш мекард, медид, ки ранги рӯяш хокистаргун ва лабонаш лоҷувардӣ шудаанд. «Тамом, занҷир канда шуд ё зулфин аз бандаш баромад, ки сарозер рафтам. Сад ҷон дошта бошам, яктоаш наҷот намеёбад» гуфта буд дар дилаш.
Саидбек нафасашро рост намуда, зӯре ба кор бурд ва ҳар ду поро аз болои сим чилликвор гузаронида, зулфинро пахш карда кушод ва занҷирро ба миёнаш як бори дигар печонида, аз сари нав ба сим пайваст. Акнун оҳиста-оҳиста ваҷаб ба ваҷаб ба сӯи поя ҷунбида, ин чанд метр масофаи душворро тай кардан лозим буд.
– Саид, ман дар ҳамин ҷо, – садои Алексей баромад аз болои поя. – Ҳеҷ воқеа не, ҷӯра. Биё, оҳиста – оҳиста биё.
Рафиқони дар поён буда ҳамчунон рӯй ба осмону чашм ба сӯи ӯ хомӯш меистоданд: дар чунин вазъият маслиҳату машварат як сӯ истад, ҳар як калима гап барзиёд буд.
Саидбек медид, ки шӯшаи рӯи сим ҳоло боз ғафстар шуда буд ва аз фишори дастпӯшакҳои резиниаш об шуда, ба сару гарданаш қатраҳои калон-калони об мечакид, ба даруни остини комбинезонаш ҷорӣ мешуд.

пешина
аз 248
навбатӣ