Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба сӯи пайраҳаи хористони ҷар, ба сӯи хонаи худ, ба сӯи наҷот аз чанголи марг... Боз як ваҷаб пеш рафт, боз андаки дигар ва пас дубора ба олами пур аз ғавғои сагон, шақарроси таҳдидомези дандонҳои хуношоми онон ғарқ гардид.
«Бархез писар, ту паҳлавонӣ». Дафъаи дуввум ба ёд омада, аввал ҳамин калимаҳоро ба ёд овард ва қарор дод, ки то рамақе дар ҷон дорад, кам-кам пеш равад. Агар то фардо ин ҷо бимонад, ҳатман мемирад. Бе ин ҳам аз ҷароҳатҳояш хуни фаровон рафтааст. Офтоб барояду рӯз фаро расад ҳам, аз ин пайраҳаи хилвати хористон эҳтимол касе нагузарад ва ба ҳоли ӯ, ба ҳоли он ду нафаре ки ҷасадҳошон дар мобайни тутмайдон мехобид, чашми касе наафтад.
Бори охирин бӯи тез, бӯи бағоят ғализу ширини анҷирро шунида ба ҳуш омад. Бӯи худи анҷир не, албатта. Моҳи ҷавзо фақат тут мепазаду гелоси сиёҳ. Ин бӯи хуш накҳати махмуркунандаи баргаш аст, ки аз чи хосияте баробари расидан ба димоғ бӯи ёли асп ё харбуза ба ёд мерасад.
Пас, Сангинбек то ба ин ҷо, то ба саргаҳи боғи дӯст ва ҳамсояаш Рустам беҳушу беёд расидааст? Пас, дар хоку хаси пайраҳа аз дунболи худ доғи тӯлонии хунин боқӣ гузошта, аз миёни хористони ҷар ҳам хазида гузаштааст? Аҷаб...
Фарз кардем фаромадан ба нишебӣ осонтар аст, аммо кай ва чӣ тавр ва дар чанд муддат ҷуссаи хуншори худро ба боло кашида бошад?
Сангинбек бо ҳамон паҳлӯи рост рӯи кулӯхҳои калон – калону сахти анҷирзор хазид ва аз бағалаи буттае се-чор барги калонтарро канда, рӯи ҳам монду ба ҷароҳати шикамаш дошт...
Давоми фочиаро одамон аз забони Рустам шуниданд.
Сагҳои атроф ҳамон шаб хеле ноором буданд, нақл мекард Рустам. Як пос аз шаб гузашта буд, ки сагон хомӯш шуданд. Аммо қариби бомдод сукути деҳот аз садои тир битаркид. Рустам аз ҷой бархост, вале беихтиёр ба садои тирандозӣ даме гӯш дод ва дарёфт, ки он садо аз поёни боғи худаш меояд. Касе бо низом пайи ҳам аз таппончаи пуртавоне тир меандохт. Як, ду, се, чор... шаш тири паёпай...

пешина
аз 248
навбатӣ