Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сангинбек дар лаби ҷӯяи фароху пуроби ток сар ба поён мехобид. Садои суми чанд асп дар кӯчаи қишлоқ дур ва торафт паст шуда мерафт.
Шахси тирандоз Исломбек буд, ки аз хабари ҳалокати ду навкари вафодор бағоят дарғазаб шуда, субҳгоҳон худ ба ин ҷо омад ва дар равшании оғози рӯз дид, ки устои саркаш ҳамчунон зинда аст ва доғи хунин ба рӯи замин гузошта, то ба току анҷирзори ҳамсояаш кашола шуда омадааст. Бек лаҳзае ба андеша рафт. Шояд дар ин вазъ фоли ноаёне бошад? Вагарна чӣ гуна мумкин аст, ки инсони оддӣ аз зарби ин қадар ҷароҳат ҳанӯз ҷон насупорида бошад?
Ин мулоҳиза Исломбекро фақат сонияе машғул дошта тавонисту бас. Лаҳзаи дигар вай ба адои ният баргашт. Аспи худро дар сари пайкари беҳаракати усто Сангинбек бозӣ доронида, ҳамаи тирҳои таппончаашро ба тани нимҷони ӯ фурӯ нишонид.
Рустам гӯш ба синаи рафиқаш наҳода пай бурд, ки дили вай ҳанӯз дар ҳаракат аст. Набзаш қариб эҳсос намешавад, аммо садои сусти дил аранг-аранг ба гӯш мерасад. Куртаи худро дарронида, барги анҷирро ба даҳони пиёла барин ҷароҳати хунбори шикамаш ҷафс карда баст. Барои бастани ҳамаи ҷароҳатҳо латтаи бисёре лозим буд. Рустам тозон ба ҳавлӣ даромад, аспро зин зада, ба аробааш қӯш намуд. Бо кӯмаки зан ва писараки ваҳшатзадааш пайкари гарони устои таҳамтанро навъе карда бар болои ароба, ба рӯи бистари ғафсе хобониданд.
Вақте ки ба дарвозаи касалхонаи шаҳр расид, рӯз чоштгоҳ шуда буд. Ду ҷарроҳи рус, як марду як зан гоҳ дукаса ва гоҳе бо навбат то бегоҳ ҷароҳатҳои усторо медӯхтанд, аз баданаш тир ва хорухас мебароварданд, ба рагҳояш хун мефиристоданд.
Сангинбек ду моҳ дар табобатхона хобид. Рӯзе набуд, ки барои дидани «сахтҷонтарин марди сарзамин» гурӯҳ-гурӯҳ духтурон, ҳар хел сайёҳони ҷаҳондидаи кунҷков, ё ҳеҷ набошад, се-чор нафар ҳангоматалабон наоянд.
Дар музофоте ки Сангинбек ба воя расида буд, кайҳо боз чунин ҳодиса ба вуқӯъ напайвастааст. Касе надида ва нашунидааст, ки як мард дар набард ба ҳарифони мусаллаҳ ва дар ҳифзи ҷон ин қадар ҷасорат ва матонат нишон дода бошад.

пешина
аз 248
навбатӣ