Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бек, ту писари майдаяки бобош, – гуфт пирамард ва чуқур нафас кашида, муддате хомӯш монд ва боз гуфт: – Ту ҷонаки бобош, Бек...
Саидбек дар кӯча мавридаш ояд, бо сари баланд, бо ифтихори ошкоро ба писарбачаҳои Сочак эълон мекард:
– Бобои ман аз ҳама зӯр!
Ҳамсинҳояш ба рӯи ӯ нигоҳ мекарданду чизе намегуфтанд, баҳсу талоши пурҳарорате ки одатан дар дигар мавридҳо, дар миёни дигар бачаҳо меафтод, ин ҷо ба вуқӯъ намеомад. Ҳама хомӯшона эътироф мекарданд, ки бобои Саидбек воқеан зӯртарини бобоҳост.
Ҳа, ба тарбияи Саидбек падар ва падари падар баробар машғул буданд. Аммо падари падар, ҳамон Бузурги меҳрубон дар хотири ӯ нақши равшантаре гузоштааст.
Вай аз синфи саввум ба таътил баромада буд. Як саҳари баъди ношто бобо аз ӯ пурсид, ки оё мехоҳад ба саёҳати Ҷом ҳамроҳ бираванд?
– Ҷом дар куҷост? – савол дод писарак.
– Дар куҷо? Дар тарафи офтоббаро.
– Меравам.
Бузург кайҳо боз аспсаворӣ намекард: савории асп ва нигоҳубини он ташвиши бисёре дошт. Он солҳо бобо хари сафеди калоне дошт, ки қаду басташ баробари хачир ва дар кӯчаҳо ангуштнамои роҳгузарон буд. Вақте ки ӯ хари худро қашав ва ҷорӯб мезаду маркабаш қаноатмандона бинӣ афшонида, пой дар замин мекӯфт, Бузург аз чӣ гуна ҷои хушобу ҳаво будани Ҷом, аз урфу одати мардуми меҳмоннавози он, аз чӣ гуна осиёбу обҷувозҳо доштани он нақл мекард.
Сипас маркабро об дода, ба сутуни собот баст ва ба охураш ҷав рехту... пиёда аз дарвоза берун шуд. Писарак ба тааҷҷуб афтод. Аммо дар шигифт мондани худро зоҳир накард. Фақат пас аз соате, гоҳе ки ба роҳи фарохи мумфарш баромаданд, оҳиста савол дод:
– Бобоҷон, то Ҷом чӣ қадар роҳ?

пешина
аз 248
навбатӣ