Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Рӯздармиён раиси колхоз меомад. Ва ҳар дафъа як сабадча анорро ба қоши зини аспаш монда меовард ва таъйин мекард, ки шарбати онро фишурда, ба ҷои об ба бемор бидиҳанд. Раис ба хона даромада, дақиқае чанд дар паҳлӯи бистари баланди Сангинбек менишаст. Пас ҳангоми баргаштан ба модар ва модаркалони Саидбек мегуфт, ки аз корномаи Сангинбек ҳоло ҳамаи калоншавандаҳои район ва вилоят огоҳанд. Колхоз ӯро ба мукофоти бисёр калони ҳукуматӣ пешниҳод кардааст.
Миллитсионери деҳа низ зуд-зуд меомад ва мепурсид, ки оё тағои Сангинбек андак қувват гирифтанд, оё тобу тавоне доранд, ки ба чанд саволи вай ҷавоб бидиҳанд. Аммо ҳанӯз бемадор ва аксаран беҳуш будани муйсафедро фаҳмида, афсӯсхӯрон ва чуқур-чуқур оҳ кашида, ба роҳи омадааш бармегашт.
Пас аз чандин сол Саидбек яқин дарёфт, ки бобояш на аз тасодуфи фалокатосор ё аз бепарвоии худ ба зери чархи мошини боркаш монда будааст, балки дуздон, як дастаи калони мавиздуздон нимишабӣ барои муқобилат нишон доданаш, ба сӯи онҳо аз милтиқ оташ кушода, таҳдид карданаш бар болои ӯ мошин рондаанд ва ҳамроҳи козаи хасини посбони мавизҷо пахш ва маҷак карда гурехтаанд.
Ниҳоят, рӯзе аз рӯзҳо модаркалон Саидбекро аз ҷогаҳаш хезонида, дастурӯ шӯёнид ва куртаву эзори тоза пӯшонида, ба назди бобо даровард. Бузург бо чашмони пӯшида мехобид. Хаш-хаши нафаскашиаш акнун хеле фурӯ нишаста буд.
– Бобош! – бо овози нарм гуфт модаркалон ва баъд баландтар такрор намуд: – Бобош!
Сангинбек чашм кушода, ба ҳар дуи онҳо нигарист, лабҳои парсинбастаашро хаёле ҷунбонид, гӯё табассум намуд ва бо имои чашм ба дасти росташ ишора намуд. Онҳо баробар ба дасти пирамард чашм дӯхтанд. Бобо ангуштонашро беқаророна мечунбонид. Модаркалон фармуд, ки Саидбек сарашро ба рӯи дасти бобо бимонад. Саидбек пешониашро ба пушти дасти бобо ниҳод. Мӯйсафед бо нӯги ангуштон мӯйсари набераро молид ва чизе, гуфт. Модаркалон гӯш ба сари шавҳар наздиктар бурд.
– Саидҷон, бобоят мегӯянд, ки пага-фардо мехезанд. Ту катӣ ба сари кӯча, ба магазини Сочак, сонӣ ба бозор мераванд, – модаркалон боз лаҳзае ба рӯи ҳамсараш чашм дӯхта нишасту баъд оби дидагонашро бо нӯги қарсаш пок карда, гуфт: – Биё, бачаам, наздиктар шин, худат гӯш кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё